Дар Душанбе рӯзҳои 29-30 март Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” зери унвони “Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ ва рушд” баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар Конфронс иштирок ва суханронии вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, 16 кишвари мададрасон ва роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ дар назар аст.
Дар остонаи Конфронс имрӯз, 29 март нишасти кормандони аршади “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” баргузор мешавад.
Фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.
Раванди мазкур аз се рукн иборат аст: машваратҳои сиёсӣ, тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ.
“Қалби Осиё - Раванди Истанбул” ҳамчунин заминаҳои муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ, алалхусус мусоидат ба ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори онро бо амалӣ гардонидани лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, зерсохтор ва энергетикӣ таъмин мекунад.
“Қалби Осиё - Раванди Истанбул” ташаббуси муштараки Афғонистон ва Туркия буда, Конфронси якуми он дар Истанбул 2 ноябри 2011 барпо шудааст.
15 кишвари ширкаткунанда - Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон;
16 кишвари мададрасон - ИМА, Олмон, Британияи Кабир, Япония, Фаронса, Канада, Австралия, Дания, Миср, Финляндия, Италия, Ироқ, Норвегия, Лаҳистон, Испания, Шветсия;
16 созмони минтақавию байналмилалии мададрасон - Фонди рушди Оғо Хон, Бонки рушди Осиё, Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Ассотсиатсияи ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ, Дафтари СММ оид ба Афғонистон, Барномаи рушди СММ, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ, Дафтари минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирона.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста