Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар доираи як сафари корӣ ба ноҳияи Фархор аз ҳоли хонаводаи прапоршики неруҳои марзбонӣ Сафрахуҷаи Акбарзод, ки дар даргириҳои 29-30 апрел, дар марзи Тоҷикистону Исфара кушта шуда, хабар гирифтаанд.
Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки сарвазир Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба волидони ин ҷавонмарде, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар қаҳрамонона ба ҳалокат расид, изҳори таслияту ҳамдардӣ кардаанд.
Қоҳир Расулзода ба модари прапоршики марҳум барои тарбияи чунин фарзанди қаҳрамон изҳори сипос карда, гуфтааст, ки фарзанди Шумо ифтихори Тоҷикистон аст ва мардуми кишвар қаҳрамонии ӯ ва ҳамхидматҳояшро фаромӯш нахоҳанд кард.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳангоми изҳори тасалият ба волидайни Сафархуҷаи Акбарзод хабар додааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки барои фарзандони марҳум хонаи истиқомати бо тамоми шароити лозим барои зист сохта медиҳад.
Бояд гуфт, ки Сафархуҷаи Акбарзод, 29 апрел дар даргириҳои марзӣ дар Исфара, ҳангоми ҳимояи раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аз китфаш тир хурда буд, аз тири снайпери қиғиз кушта шуд ва ӯро рӯзи якуми май дар зодгоҳаш, ноҳияи Фархор ба хок супурданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста