Владимир Путин президенти Русия бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 19 май дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар Душанбе изҳори назар кард. Ин хабарро ТАСС нашр кардааст.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи сафари Путин коркард мешавад ва дар назар аст, ки сафар дар даҳаи дувуми сентябр сурат бигирад.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир "нуктаи асосии дастури кори равобити дуҷониба омодагӣ ва баргузории сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон" ба ҳисоб меравад.
"Ҳукумат ва ниҳодҳои ду кишвар, аллакай кор дар мавриди муҳтавои ин сафарро оғоз карданд ва ба таври табиӣ мо дар гуфтугӯҳои имрӯз ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ хоҳем кард",-гуфтааст Муҳриддин.
Ба навиштаи ТАСС раиси ниҳоди сиёсати берунаи Тоҷикистон ба ҳамкориҳои Душанбеву Маскав дар амри мубориза бо коронавирус бисёр баҳои баланд додааст.
Сафари Путин ба Тоҷикистон агар дар моҳи сентиябр воқеъ шавад, дақиқан дар замоне сурат мегирад, ки Тоҷикистон дар оғози сентябр 30-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил мекунад.
Ин сафар баъди он сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон танҳо раисҷумҳури хориҷие буд, ки 9-уми майи имсол дар ҷашнгирии 76-умин солгарди пирӯзӣ ба Олмони фашистӣ ба Маскав даъват шуд ва дар канори Путин дар паради низомие, ки ба ин муносибат доир шуд, ширкат кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста