Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 8 июн вазири нерӯи Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Ризо Ардакониёнро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба хусус фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ки вазири неруи Эрон қаблан бо вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода низ дидору гуфтушунид кард.
Дар сомонаи Вазорати молия дар ин робита гуфта мешавад, дар аснои мулоқот ҷонибҳо атрофи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, саноат ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.

Ёдрас мекунем, ки вазири неруи Эрон Ризо Ардакониён рӯзи 7 июн ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистону Эрон ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста