Раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе масоили ҳамкории дуҷониба ва рушди муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Володин изҳор дошт, ки “парлумонҳои ҳар ду кишвар барои таъмини қарорҳо аз лиҳози қонунгузорӣ, ки дар сатҳи сарони давлатҳои қабул шудааст, кӯшиш ба харҷ медиҳанд”, хабар дода мешавад дар сомонаи Думаи Давлатӣ.

Вячеслав Володин ҳамчунин паёму дуруди президенти Русия Владимир Путинро бо орзуву таманниёти нек ба Эмомалӣ Раҳмон расонид.

1/4

Ҷонибҳо инчунин нақши Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Ассамблеяи парлумонии Созмонро дар ҳалли масоили таъмини амнияти кишварҳои аъзо ва масоили марбут ба тартиб додани рӯйхти ягонаи созмонҳои террористиро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, сафари кории Вячеслав Володин имрӯз, 1 июл оғоз гардида, ӯ шоми дер ба Душанбе омадааст.

Акс аз торнамои Думаи давлатии Русия

Ҳайати Думаи Давлатӣ таҳти роҳбарии ӯ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД иштирок мекунад.

Субҳи барвақти имрӯз Вячеслав Володин ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе гулчанбар гузошт.

Ғайр аз ин,дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи ӯ бо раиси Маҷлиси миллӣ (палатаи болоӣ)-и Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ, ки дар Душанбе қарор дорад, дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ҳузур пазируфт.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъмини самаранокии ҳамкорӣ дар тамоми самтҳои мубрами фаъолияти ҳарбӣ-сиёсии Созмон, аз ҷумла соҳаи мудофиа ва амният, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни мулоқот ҷиҳати мубориза бар зидди фаъолияти харобиовари нерӯҳои террористӣ, оқибатҳои экстремизм, радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, муттаҳид сохтани саъю кӯшиш ва ҳамоҳангсозии наздики амалҳои сохторҳои махсусгардонидашудаи давлатҳо барои муқовимати самарабахш ба ин хатару таҳдидҳо зарур шумурда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.