Арабистони Саудӣ ва Миср ду кишвари наве, ки ба сифати шарикони нави ҳамкори Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой пазируфта шаванд. Ин тасмим имрӯз дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон гирифта шуд.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ хабар дод. Вазири тоҷик ҷалби шарикони нав ба СҲШ-ро як тасмими таърихӣ унвон кард.
"Дар ҷараёни ҷаласа табодули афкор дар мавриди васеъ кардани Институти шарикони муколамаи СҲШ сурат гирифт ва мо баъди таваққуфи шашсола тасмими таърихӣ гирифтем, ки чунин мақомро барои Арабистони Саудӣ ва Миср фароҳам кунем. Ин тасмими барои таъид ба нишасти сарони кишварҳо дар моҳи сентябр пешниҳод мешавад",- гуфт вазири тоҷик.
Ин бори аввал аст, ки кишварҳои муҳимми олами араб барои ҳамкорӣ ба СҲШ ҳусни ният нишон медиҳанд. Пештар коршиносон гуфта буданд, ки дар сурати ҷалб шудани кишварҳои муҳимми Ховари Миёна ба ин созмон, нақши он тасмимҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ асаргузортар мешавад.
Ҷалби Арабистони Саудӣ ба сифати кишвари ҳамкори муколамавии СҲШ дар ҳолест, ки сару садоҳо дар мавриди пазируфтани рақиби ҷиддии ин кишвар дар минтақа - Эрон ба сифати узви нави созмон дар нишасти сентябрии Душанбе вуҷуд дорад.
СҲШ имсол 20-сола мешавад ва садорати соли ҷашнии ин созмонро Тоҷикистон ба дӯш дорад. Имсол ҳамчунин дар Маҷмаии умуми 75-уми СММ созишнома дар бораи ҳамкории ин созмон бо СҲШ ба тасвиб расид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста