Ҳукумати Тоҷикистон бо қарорҳои худ ба сохторҳои марбута дастур дод, санадҳои навро, ки ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Қирғизистон равона шудаанд, мувофиқа ва ба имзо расонанд.
Аз ҷумла имзои созишнома ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар дар соҳаи стандартикунонӣ, метрология, арзёбии мутобиқати маҳсулот ва бақайдгирӣ (аккредитатсия) дар назар аст.
Дар матни лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, санади мазкур ба “бартараф намудани монеъаҳои техникӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ равона мегардад”.
Ғайр аз ин, ҷонибҳо Созишномаи ҳамкорӣ дар саоҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоиро мувофиқа ва ба тасвиб мерасонанд.
Ҳамчунин лоиҳаи Ёддошти ҳамкорӣ дар бахши байторӣ ва Ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон байни сохторҳои дахлдори ду кишвар дар марҳилаи мувофиқа ва маъқул донистан қарор дорад.
Имзои созишномаҳои дуҷонибаи зикршуда пас аз маъқул донистани онҳо аз ҷониби сохторҳои марбута ва муайян кардани таърих ва ҷойи имзои онҳо аз тарафи Вазоратҳои корҳоии хориҷии ҳар ду кишвар пешбинӣ мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар қаламравҳои баҳсии марзӣ, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар ҳалоку садҳо нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба сардӣ гароид.
Дар ин робита, Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳои худро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақлиёт баст.
Бо вуҷуди сафари расмии президенти Қирғизистон ба Душанбе дар охири моҳи июни соли равон ва гуфтушунидҳои ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон, дар муносибатҳои ду кишвар гармии хосе ба назар намерасад. Ба гунаи мисол, аллакай се моҳ инҷониб 60 мошини боркаши бузургҳаҷм (фура) бо бор барои Тоҷикистон дар Қирғизистон боздошт шуда, марзи Қирғизистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон баста боқӣ мемонад.
Тибқи иттилои ВКХ Тоҷикистон, заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 100 санадро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.