Ҳизби димократи Тоҷикистон дар як изҳороти бесобиқа, ки дар саҳфаи фейсбукии раиси ин ҳизб аз номи Шӯрои сиёсии ҳизб, нашр шудааст, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки гуруҳи "Толибон"-ро эътироф накунад ва тоҷиконро дар ин кишвар ҳимоят кунад.
Ҳизби демократ ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки сафоратхонаҳои кишварҳое, ки ҳукумати Толибонро эътироф кардаанд бибанданд ва алайҳи кишварҳое, ки онҳоро эътироф мекунанд, эътироз баён кунад.
Аз ҷумла демократҳо хостаанд, ки "бинобар ин аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки дари сафоратхонаҳои Покистон ва Қатарро, ки бо низоми бешарафи Толибон ҳамкорӣ доранд бибандад".
Ҳизби демократ, дар ин изҳороти худ Толибонро як гуруҳи террористии фурсатталабе ном бурдааст, ки бо пуштибонии давлатҳои манфиатҷӯ низоми давлатиро дар Афғонистон барҳам зада ҳукумати ин кишварро ба даст гирифтанд.
"Барои мо мардуми Тоҷикистон тохтутоз ва куштору вайронкориҳои Толибон хеле ғамангез аст, зеро дар қаламрави ин мамлакат мардуми мо ҳамзабонон ва ҳаммилатони мо аксари аҳолиро ташкил мекунанд. Фаромӯш набояд кард, ки ин кишвар сарзамини таърихии миллати мост. Тавре дида мешавад, ин гурӯҳи даҳшатбор замину манзил, шаҳру деҳоти тоҷикнишинро дар чанд соли охир ба харобию нестӣ расонданд. Имрӯзҳо амалҳои ваҳшиёна ва хонахароби ин гурӯҳ махсусан дар маҳалоти тоҷикнишин ба сатҳи наслкушӣ расидааст. Онҳо духтарони ноболиғро аз бағали модаронашон рабуда, мардонро мекушанд ва занони онҳоро таҷовуз мекунанд, ҷавонони бегуноҳро ба баҳонаҳои гӯшношунид қатор монда, бераҳмона қатл мекунанд, ки анқариб ҳамаи онҳо мардуми миллати мо ҳастанд",- омадааст дар изҳороти ҳизби демкорат.
Шӯрои сиёсии ҳизби демократ аз Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар талаб карда шавад, ки рафторҳои гурӯҳи Толибонро дар қиболи мардуми тоҷик ва форсизабони Афғонистон чун ҳаракати наслкушӣ (геносид) эътироф кунад.
Ҳизби демократ бо ишора ба амалкардҳои ба таъбири ин ҳизб "ваҳшиёнаи Толибон" ва эътирозҳои мардуми Афғонистон алайҳи онҳо, аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки "дар баробари ин ҳама рафторҳои золимонаи зиддибашарӣ, наслкушӣ ва ваҳшигарии Толибон Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқ, давлатҳое, ки худро ҳомии демократия ва низоми мардумсолорӣ медонанд, комилан хомӯшанд. Мисли ин ки ҳамаи онҳо ҳамоҳанги ин разолати бузурги ҷаҳон ҳастанд".
Дар ин изҳорот, ҳизби демкорат гуфтааст, ки ягона неруе, ки дар Афғонистон дар муқобили ваҳшонияти Толибон қарор гирифтааст, Иттиҳоди эҷодкардаи Аҳмадшоҳ Масъуд - Ҷабҳаи Шимол аст, ки акнун неруҳои ватандӯсти ин кишвар зери раҳбарии писари ӯ - Аҳмади Масъуд мудирият мешавад.
Демкоратҳо аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хостаанд, ки "ба хотири пуштибонӣ ва ҳимояти мардуми миллатамон барои ҳамаи гурезагони Афғонистон, ки ба кишвари мо рӯйи ниёз овардаанд, шароити лозим муҳаё кунад ва ҳама гуна корҳои раводид, таҳияи аснод ва дигар шароитҳоро бепул барои онҳо иҷро кунад".
Дар баробари ин, дар ин изҳорот, ҳизби демократ ба нукоти дигари низ ишора кардааст, ки Тоҷикистон бояд барои фирориёни Афғонистон сабукиҳо қоил шавад:
- масъулони Кумитаи Амнияти миллӣ, вазоратҳои дохила ва ҳуқуқи ҷумҳурӣ барои гурезагони Афғонистон шароити беҳтар, муносибати бародарона ва шоистаро ба роҳ монанд.
- масъулони корҳои амният ва гумрук дар марзҳои Тоҷикистон барои гурезаҳои Афғонистон шароити муносиб ва шоиста муҳаё карда, бо онҳо муносибати самимона ва дӯстонаро ба роҳ монанд.
- ҳамаи шаҳрвадони ҷумҳурӣ дар шаҳру деҳот, дар кӯчаву бозор бо гурезагони Афғонистон муносибати дӯстона ва сазоворро ба роҳ монанд.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиндагии муваққати гурезагони Афғонистон шароит фароҳам оварда, барои онҳо расондани ёриҳои башардӯстонаро бо кумаки мардуми кишвар ба роҳ монад ва иҷрои талаботи номбурдаро дар ҳама сохторҳои ҳукумат зери назорати ҷиддӣ қарор бидиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста