Афғонистон баъди ба қудрат расидани "Толибон" гирифтори як буҳрони амиқе шудааст, ки поёни роҳи ин буҳрон бисёр дуру дароз ба назар мерасад. Бесарнавиштие, ки дар пешорӯйи ин кишвар қарор дорад, дар мусоҳибаи ихтисосии Иршод Сулаймонӣ бо шоиру назарияпардози маъруф, раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, сиёсатмадор ва вакили собиқи порлумони Афғонистон - Латифи Пидром ба баҳс кашидааст.
Пидром дар ин мусоҳиба мегӯяд, ки агар Толибон ба такшили як ҳукумати фарогире, ки хости аксари мардуми Афғонистон аст тан надиҳанд, муваффақ намешаванд. Таҷрибаи ҳамаи ҳукуматҳои инҳисорӣ, яктарафа ва султаталаб дар Афғонистон ноком будааст.
Пидром дар ин мусоҳиба ҳамчунин гуфт, ки сиёсатмадорони Афғонистон дар рӯзҳои наздик гирди ҳам меоянд ва эъломи мавзеъ мекунанд. Ҳамчунин Пидром дар ин мусоҳиба ба нукоти зер ва баҳсҳои зиёди дигар ҳам мепардозад:
Оё Латифи Пидром аз ҷабҳаи муқовимат бо роҳбарии Аҳмадии Масъуд ҳимоят мекунад?
Манзури Толибон аз ҳукумати фарогир чист?
Агар ин ҳукумати фарогир ташкил шавад, чӣ гуна хоҳад буд?
Чаро маҳз тоҷикон дар баробари Толибон муқовимат мекунанду меҷанганд?
Оё муборизаву муқовимати тоҷикон дар Афғонистон натиҷа медиҳад?
Оё худи Пидром бо Толибон тамос дорад?
Чаро дигар ба Устод Атову Дӯстум эътимод вуҷуд надорад?
Ашраф Ғанӣ дар воқеъ чӣ қадар пулро аз Афғонистон ба берун бурд?
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста