Дар шаҳри Душанбе имрӯз, 15 сентябр таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад.
Тавре маркази матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни ҷаласаи муштарак роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи низомӣ-сиёсии минтақаҳои амнияти дастаҷамъии СААД табодули назар мекунанд.
Ин чунин рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро, ки 18 феврали соли 2021 аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, баррасӣ хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, аз сӯи ҷонибҳо маълумотҳои Дабири кулли СААД С.Зас дар бораи рафти омодасозии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян оид ба самтҳои авлавиятноки фаъолият дар давраи раёсати Арманистон дар Созмон шунида хоҳад шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи ҷаласаи муштарак қабули беш аз 20 қарор ба нақша гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста