Ҳаракати Толибон бар ин назар аст, ки ҳамаи шартҳои заруриро барои ба расмият шинохтан аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ иҷро кардааст.
Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Афғонистон Амир Хон Муттақӣ изҳори назар кардааст, ки бо ҳайати ин кишвар ба ҷаласаи “Формати Маскав” омадааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
“Чаро онҳо набояд моро ба расмият шиносанд? Мо тамоми қаламрави Афғонистонро зери назорат дорем ва ҳамаи шартҳоро ба иҷро расонида, ба ҳамаи меъёрҳо ҳамчун ҳукумат мувофиқем”, - гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон.
Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири ҳукумати толибон Абдул Салом Ҳанафӣ изҳор намудааст, ки ҳукумат дар Афғонистон аллакай фарогир (инклюзивӣ) аст.
Ҳамчунин намояндагони Толибон зикр кардаанд, ки роҳ нахоҳанд дод, ки вазъияти Афғонистон ба амнияти дигар кишварҳо хатар эҷод намояд.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз Толибон даъват кардааст, ки Афғонистонро ба пойгоҳи амал зидди кишварҳои ҳамсоя табдил надиҳанд, хабар медиҳад ТАСС.
“Русия аз ҳаракати Толибон даъват мекунад, ки қаламрави Афғонистонро ба сифати пойгоҳ барои амал алайҳи кишварҳои ҳамсоя истифода набаранд”, - изҳор доштааст Лавров.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи сеюм оид ба Афғонистон дар “формати Маскав” имрӯз дар Маскав оғоз гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони даҳ кишвари минтақа ва ҳайати толибон иштирок мекунанд. Намояндагони ҳукумати пешинаи Афғонистон, инчунин Ҷабҳаи муқовимат дар вохӯрӣ ҳузур надоранд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.