Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчуби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти имрӯзаро имкони хуби баррасии дурнамои ҳамкории ду кишвар маънидод карданд.
Аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, рушди бемайлони муносибатҳо, сатҳи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, ки дар соли 2021 беш аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои фарох дар соҳаҳои металлургия, истихроҷи маъданҳои куҳӣ, сохтмон, тандурустӣ, фармасевтӣ ва дигар самтҳои бахши иқтисодӣ, табодули андеша намуданд.
Дар рафти мулоқот ба масъалаи таъсиси Шӯро оид ба ҷалби сармояи мустақими Русия ба иқтисодӣ Тоҷикистон ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкории сармоягузорӣ ва тақвият бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баҳри мусоидат ба ин раванд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо оид ба пешрафти онҳо андешаронӣ карданд.
Дар мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи мураккаби гуманитарии кишвари Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путин даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста