Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари кории серӯза ба вилояти Суғд меравад. Дар соли ҷорӣ ин нахустин сафари раисҷумҳур ба шимолии Тоҷикистон аст, ки аз 8-ум то 10-уми феврал идома меёбад.
Аз ҳукумати вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Бобоҷон Ғафуров боздид мекунад.
Зимни ин сафар раисҷумҳур дар маросими кушодашавии чанд корхонаи саноатӣ, бинои кӯдакистону макатаби миёна, бинои истиқоматӣ, мағозаву боғи фарҳангӣ-фароғатӣ иштирок мекунад.
“Дар доираи ин сафар корхонаҳои истеҳсоли метал, ширешбарорӣ, зарфҳои пластикӣ, заргарӣ ва баистифода диҳии дигар корхонаҳо дар назар аст. Дар шаҳри Гулистон Боғи фарҳангӣ-фароғатии Темурмалик, бинои нави кӯдакистон, мактаби таҳсилоти иловагӣ ва бинои ҲХДТ ба истифода дода мешавад”- гуфт, манбаъ аз ҳукумати Суғд
Дар шаҳри Хуҷанд дар назар аст, мағозаи “Амид” дар паҳлӯи собиқ корхонаи “Абрешим” ба истифода дода шавад, ки аз калонтарин мағоза дар маркази маъмурии Суғд маҳсуб меёбад. Инчунин дар назди ин мағоза намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсоливу саноатии шимолии Тоҷикистон дар назар аст. Ҳамзамон гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд як бинои баландошёнаи истиқоматиро ба истифода дода дар ҷашни аҷдоди “Сада”, ки дар назди Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” доир мегардад ширкат меварзад.
Ҳамасола пеш аз сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд БДА аз баста шудани роҳҳо дар соатҳои муайян эълон пахш мекард. Вале бино мушоҳидаҳо ва ба гуфтаи расонаҳои маҳаллии Хуҷанд айни замон чунин эълон аз суйи ин ниҳод дода нашудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста