Бо дархости Тоҷикистон шаҳрванди Қирғизистон З.Достматов дар шаҳри Маскав боздошт шуд, хабар дод рӯзи 1 март маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.
“25 феврал корманди сафорати Қирғизистон дар Русия ба шуъбаи пулис рафта, далели боздошти ӯро муайян кард. Айни замон сафорат ҷиҳати ошкор кардани ҳолатҳои боздошт ва ҳарчи зудтар раҳо кардани ин шаҳрванди Қирғизистон тадбирҳо меандешад”, - омадааст дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Қирғизистон дар Русия дар ин робита чунин хабар медиҳад:
“Тибқи маълумоти мавҷуда, шаҳрванди Қирғизистон дар замони рӯйдодҳои дар дархости Тоҷикистон зикршуда дар қаламрави Русия қарор доштааст. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки сохтакории парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванди Қирғизистон З.Достматов тасдиқ мекунанд, инчунин беасос ва ғайриқонунӣ будани айбнома дар содир намудани ҷиноят дар назар аст”.
Қаблан бо дархости Қирғизистон якчанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда буданд.
Ҷониби Қирғизистон тоҷикистониёнро ба иштирок дар даргириҳои марзӣ муттаҳам мекунад.
Яке аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон Диловар Ҷӯраев дар суҳбат ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки Қирғизистон зиёда аз 25 сокини ҷамоати наздимарзиро, аз ҷумла ӯро низ бар асари низоъ дар марз мавриди ҷустуҷӯ эълон кардааст.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Сабаби муноқишаву нофаҳмиҳои зиёд дар марзи ин ду кишвар, ки оқибат ба хун мепечад номуайян ва аломатгузорӣ нашудани беш аз 400 километр сарҳади давлатӣ мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста