Имрӯз, 3 май зимни суҳбати телефонӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғонро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар менависад, ки дар оғози суҳбати телефонӣ сарони ду кишвар якдигарро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик гуфта, Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Туркия сулҳу некӯаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу кардааст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни суҳбат ҳамкориҳои гуногуни Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуда, ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, арсаи амниятӣ ва бахшҳои дигар иброз доштаанд.
- Президентҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд, - менависад Хадамоти матбуот, вале ишора накардааст, ки кадом мавзуъҳои байналмилаливу мантақаӣ баррасӣ шудааст
Дар фарҷоми суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз Ардуғон хостааст барои "идомаи муколамаи доимии сатҳи олӣ ва баланд барои бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ гардонидани тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба" аз Тоҷикистон боздиди расмӣ кунад
Мувофиқа ҳосил шудааст, ки муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд.
Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Туркия 29 январи 1992 барқарор шуда, моҳи марти соли 1992 сафорати Туркия дар Душанбе ва моҳи декабри соли 1995 сафорати Тоҷикистон дар Анкара боз шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста