Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Пагоҳ, 13 май дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШВКХ ИДМ) доир мегардад.
Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, роҳбари идораи сиёсати хориҷии Русия аз шаҳри Маскат - пойтахти Уммон ба Тоҷикистон омад, ки дар ин кишвар бо сафари корӣ қарор дошт.
Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳод дар назар буда, ба масоили таъмини амнияти байнулмилалӣ ва густариши робитаҳои башардӯстонаву илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.
Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар ҳошияи чорабинии ШВКХ ИДМ инчунин баргузории вохӯрии роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст.