“Афғонистонро барқарор кардан зарур аст, ба ташаннуҷи вазъият дар ин кишвар набояд роҳ дод”, - посух дод ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” вазири корҳои хориҷии Русия.
Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба кор оғоз намуд. Ҳангоми ба назди рӯзноманигорон омадан Сергей Лавров ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” посух дод.
- Вазъият дар Афғонистон, бахусус дар Панҷшер, на ба нафъи Толибон тағйир меёбад. Агар Покистон бори дигар дахолат кунад, оё кишварҳои иттиҳод, ки ҳамзамон аъзои СПАД ҳастанд, оё ба гунае ба ин вокуниш нишон медиҳанд, зеро дар асл ин маънои онро дорад, ки Покистон талош дорад дар масъалаи амнияти минтақа нақши асосиро бозад?
- Ман дар бораи баъзе фарзияҳо тахмин карда наметавонам, аммо метавонам такрор кунам, ки мо дар сиёсати амалии худ он чизеро дида истодаем, ки тӯли моҳҳои зиёд баъди сари қудрат омадани толибон, воқеа ва рӯйдодҳо ба чӣ гунаи нохуш ва бесарусомонӣ сурат мегиранд.
Бешубҳа, агар мо дар бораи Афғонистон ҳарф бизанем, онро барқарор кардан зарур аст, ба ташаннуҷи вазъият дар ин кишвар набояд роҳ дод.
Барои мардуми афғони тӯли 20 сол аз ҳузури НАТО ранҷкашида, ки барои рушди зербино, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, барқарор кардани иқтисод, нақлиёт ва равобити хориҷӣ, як тин ҳам сармоягузорӣ накардааст, хеле душвор хоҳад буд.
Ва ҳоло, албатта, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба навсозии кумакҳои башардӯстона ва дигар кумакҳо ба Афғонистон ва мардуми афғон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунад.
Бори асосии бозсозии мамлакатро, албатта, бояд амрикоиҳо ва иттифоқчиёнашон бар дӯш гиранд, ки дар давоми 20 сол ба ҷуз таъмини ҳузури ҳарбии худ коре накардаанд, вале дар ниҳояти кор низ ба ин мақсад расида натавонистанд.
Дар мавриди мавқеъ дар дараи Панҷшер, мавқеъи бозигарони беруна, мо ҳамеша ҷонибдори он будем, ки вазъи кунунии Афғонистон дар заминаи муколамаи миллӣ танзим шавад, ки ҳадафи он ба тавофуқ расидани тамоми нерӯҳои қавмию конфессионалӣ ва сиёсии ин кишвар аст.
Дар суҳбат бо мо ва вохӯрии аз ҷониби Чин ташкилшуда толибон изҳор карданд, ки дар ҳайати онҳо ӯзбекону тоҷикон ва ҳазораҳо ҳастанд, аммо дар асл ин қисми этникиву конфессионалӣ буда, фарогирии сиёсӣ вуҷуд надорад, зеро ҳамаи ин намояндагони миллӣ, ки онҳоро ба идоракунии кишвар ҷалб мекунанд, аз лиҳози сиёсӣ толибонанд.
Албатта, ин равандро вусъат додан лозим аст. Мо чунин паёмҳо мефиристем. Ҳамкасбони чинии мо, ки бо онҳо дар форматҳои гуногун дар масъалаи танзими Афғонистон ҳамкорӣ дорем, низ аз ҳамин мавқеъ амал мекунанд. Ҳамаро, аз ҷумла Покистонро низ даъват дорем, ки дар ин раванд ширкат кунанд.
Аз иттифоқчиёнамон дар Тоҷикистон, ки дар шимоли Афғонистон нуфузи ҷиддӣ доранд, интизорӣ дорем, ки дар оянда барои расидан ба ҳадафҳои муштарак, ки дар татбиқи онҳо тамоми кишварҳои минтақа манфиатдоранд, ба мо кумак хоҳанд кард.
Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳод дар назар буда, ба масоили таъмини амнияти байнулмилалӣ ва густариши робитаҳои башардӯстонаву илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.
Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар ҳошияи чорабинии ШВКХ ИДМ инчунин баргузории вохӯрии роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста