Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммдатақии Собирӣ бархе аз ҷузъиёти дидори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари инқилоби Ҷумҳурии исломии Эрон Сайид Али Ҳусейн Хоманаиро расонаӣ кардааст.

Собирӣ рӯи 5-уми июн, дар мусоҳиба бо пойгоҳи иттилорасонии роҳбари инқилоби Эрон гуфтааст, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон дар 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатии ду кишвар сурат гирифт ва ҷаноби Раҳмон аз дидорҳое, ки дар сафарҳои қаблӣ бо роҳбари инқилоб доштанд ёдоварӣ карданд ва гуфтанд, ки шумо дар гузашта робитаи ду кишварро робитаи хешовандӣ номида будед. 

"Раҳбари инқилоб фармуданд, ки ман ҳанӯз ҳам бар ин ақида ҳастам, ки мо хешовандем ва ин хешовандии мо баделели муштаракоти динӣ, фарҳангӣ ва забонӣ аст",-гуфтааст Собирӣ.

Ба гуфтаи  Собирӣ Эмомалӣ Раҳмон ишора кардааст, ки иттифоқ афтодани нахустин сафари хориҷии Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон пас аз интихоб шуданашон ба Тоҷикистон барои мо боиси ифтихор аст ва мо онро дар сатҳи хеле болое арзёбӣ мекунем.

Дар ин додор Хоманаӣ ҳам гуфтааст, ки Тоҷикистон барои мо хеле муҳим аст ва ба ҳамин хотир ҷаноби Раисӣ аввалин сафари худро ба Тоҷикистон анҷом доданд. 

Дар дидори Раҳмону Хоманаӣ қарор шудааст, ки "комиссия муштараки ҳамкориҳои ду кишвар ба сурат фаъолона ва доимӣ ёддошти тафоҳумҳои имзошударо пайгирӣ кунанд то натиҷа диҳанд. 


Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба сафари Раисӣ ба Душанбе гуфтааст, ки Тоҷикистон баъд аз чандин сол, бо дархости пазируфтани узвият идоими Эрон дар созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мувофиқат ва ҳимоят худашро эълом кард, ки ин як дастовард бисёр хубе барои Эрон дар ҳавзаи сиёсат хориҷӣ буд. 
 
Сафири Эрон гуфтааст, ки Хоманӣ дар ин мулоқот изҳор кардааст, ки "мо барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳавзаҳои мухталиф омодагӣ дорем ва маҳдудияте надорем". 

Ба гуфтаи Собирӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Хоманаӣ нигарониҳояшонро аз таҳаввулот ва авзоъи амниятии минтақа ба вежа кишвар ҳамсоя мо Афғонистон матраҳ кардаанд. "Ду кишвар мавзеъи муштараке дар заминаи масоили Афғонистон доранд ва он дар авлавият қарор додани рифоҳ ва осоиши мардум азизи Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогири муташаккил аз намояндагони ҳама ақвом ва аҳзоби мавриди қабул мардуми ин кишвар аст",-овардааст сафир. 

 Ба таъкиди ҷаноби Собирӣ "сафари ҷаноби оқои Раҳмон дар ин мақтаъ замонӣ бисёр муҳимм буд. Эшон баъд аз 9 сол ба кишвари мо омаданд ва дар сатҳи хеле хубе ин сафар анҷом шуд ва мабоҳису тавофуқоти бисёр хубе дар ин сафар ҳосил шуд. Тоҷикистон кишвари ҳамзбон, ҳамдин ва ҳамфрҳанги мост. Дар ин хусус ирода ва бинои мақомоти оли ҳар ду тараф бар тавсеаи равобит аст ва касоне, ки ба ҳар далеле бихоҳанд халале дар ин равобит ворид кунанд ва тарафҳои солисе, ки дӯстдори тавсеаи равобит набошанд, бояд ин паёмро гирифта бошанд, ки наметавонанд дар ҷиҳати хилофи мақомот оли ду кишвар кор кунанд". 

Ба навиштаи пойгоҳи иттилоърасонии роҳбари инқилоби Эрон, Хоманаӣ аз Эмомалӣ Раҳмон барои густариши забони форсӣ тақдир кардааст ва гуфтааст, ки ҳарчанд дар чанд моҳи ахир равобит бисёр ба сатҳи хубе расидааст, аммо барои расидан ба сатҳи матлуб хеле фосила дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.