Дабири кулли Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Ҳелга Мария Шмид бо як сафари корӣ дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 вориди Тоҷикистон шуд ва зуҳри имрӯз бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.
Қабл аз мулоқот бо раисҷумҳур, Мария Шмид ба чанд суоли “Азия-Плюс” дар мавриди сафар, диду водид ва дигар масъалаҳои мавриди баррасияш бо мақомҳои Тоҷикистон, посух дод.
- Оё шумо бо роҳбари кишвари мо мулоқот хоҳед кард. Ин танҳо як расмият дар чаҳорчӯби равобити дипломатӣ хоҳад буд ё шумо дар мавзӯъҳои мушаххасе низ суҳбат мекунед? Агар бале, кадом мавзуъҳо ё масъалаҳоро баррасӣ мекунед?
- Ба Точикистон баргаштанам боиси хушнудии ман аст. Ман солҳои зиёд бо кишвар ва минтақа, аз ҷумла дар вазифаи қаблии худ дар Иттиҳоди Аврупо кор мекунам. Аммо баргаштан ба сифати Дабири кулли САҲА воқеан махсус аст. Ин дафъа ман барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 омадаам. Ман кӯшишҳои Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти об тавассути таҳкими ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати истифода, ҳифз ва нигоҳдории сарвати гаронбаҳои табиӣ – об баҳои баланд медиҳам. Ин барои ман махсусан дар партави мушкилоте, ки аз тағйирёбии иқлим бармеоянд муҳим аст. Вазирони корҳои хориҷии САҲА ба наздикӣ дар Стокҳолм дар ин замина як қарори муҳиме қабул карданд. Бар асоси қарори Стокҳолм мо ташаббусеро барои Осиёи Марказӣ, барои пешбурди ҳалли муштараки масъалаҳои коҳиш додани хатарҳо, аз ҷумла нақши ҳалкунандае, ки занон бояд ҳамчун аъзои ин раванди тағйиротбозь кунанд, роҳандозӣ мекунем.
Албатта ман бо мизбони конфронс, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла бо Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, вомехурам. Ман мунтазири доир намудани муҳокимаҳо бо намояндагони парлумони Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастам.
САҲА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Ҳамкории мо корҳоро дар самти амният ва идоракунии сарҳад, таҳкими нақши занон дар ҷомеа, беҳтар намудани имкониатҳои соҳибкорӣ ва тиҷорат, пешгирии ифротгароии хушунатомез ва ғайраро дар бар мегирад.
Ман ният доштам, ки моҳи феврал ба Тоҷикистон биоям, аммо бинобар оғози ҷанги зидди Укроин сафар карда натавонистам. Мутаассифона, ҷанг идома дорад ва ин на танҳо барои Укроин, балки барои САҲА ва дар маҷмӯъ барои бисёре аз кишварҳои узви САҲА, ки бо оқибатҳои он мубориза мебаранд, як давраи басо мушкил аст. Мо дар самти дастгирии Укроин кор мебарем. Аммо мо ҳамчунин кӯшиш мекунем кишварҳои дигареро дастгирӣ кунем, ки бо оқибатҳои ҷанг, аз ҷумла оқибатҳои иқтисодӣ ва экологие, ки бахусус дар Осиёи Марказӣ эҳсос мешаванд мубориза мебаранд. Аз ин рӯ, ман миннатдорам, ки ҳоло дар ин ҷо ҳузур дорам.
- Соли 2017 САҲА мақоми ҳузури худро дар Тоҷикистон ба сатҳи Дафтари барномаҳо дар Душанбе коҳиш дод. Ин ба кори Дафтар чй таъсир расонд? Оё масъалаи баргардонидани мақоми пешини созмон дар назар аст ва оё он мавриди баррасӣ бо ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад?
- САҲА аз соли 1994 дар Тоҷикистон фаъолият карда бо он ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло якуним сол мешавад, ки ман Дабири кулл ҳастам. Тавре ки мушоҳида кардаам, кори Дафтари барномаҳо васеъ буда, фаъолиятҳои зиёдеро аз идоракунии сарҳад то ҳифзи муҳити зист ва рушди иқтисод, мусоидат ба васеъ намудани имконоти занон ва ҳифзи ҳуқуқи инсон фаро мегирад.
Дафтари барномаҳо иқдомҳои зиёдеро амалӣ мекунад, ки Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ - як муассисаи таълимии дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда оид ба амният ва идоракунии сарҳадот танҳо як мисоли он аст. Дар давоми 13 соли охир, Коллеҷ зиёда аз 4000 корманди сатҳи миёна то болоии марзбонро омӯзонидааст. Ҳар сол як курси махсус барои занон гузаронида мешавад ва ман бесаброна интизорам, ки дар ин сафар бо онҳо сӯҳбат кунам.
Ноамнӣ дар Афғонистон ба Тоҷикистон, бахусус дар марҳози ҷанубиаш таъсир мерасонад. Бинобар ин, мо ба Тоҷикистон дар идоракунии сарҳад, инчунин тавассути татбиқи лоиҳае, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, кӯмак мерасонем.
Ҷаҳон то ҳол бо оқибатҳои пандемияи COVID-19 мубориза мебарад. Хусусан, хушунати хонаводагӣ дар ҳама ҷо афзоиш ёфтааст. Дафтари барномаҳои мо шабакаи умумимиллии иборат аз 14 Маркази захиравии занонро барои ҳифзи ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ ва дастгирии онҳо тавассути таълим ва рушди малакаҳо таъсис додааст.
Дафтари мо дар ин ҷо ҳамчунин ба Тоҷикистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, омӯзиши ҳуқуқи инсон ва ғайра мусоидат мекунад. Мо воқеан ҳамкории хуб дорем ва ман аз кори олие, ки Дафтари барномаҳо дар Душанбе анҷом медиҳад, фахр мекунам.
- Дар солҳои охир ҷомеаи коршиносӣ ва шаҳрвандии Тоҷикистон фаъолияти САҲА-ро дар ин кишвар мавриди танқид қарор доданд. Ба назари онҳо, ин созмон амалан иҷрои рисолати худро дар ин ҷо қатъ кардааст, зеро вокуниш ба ҳолатҳои марбут ба поймолкунии ҳуқуқи башар, озодиҳо, боварҳои мазҳабӣ ва сиёсии онҳо, инчунин озодии баён, маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоот ва ғайраро қатъ кардааст. Шумо ба мо бигӯед, ки сабаби ин дар чист?
- Чун ҳамеша, ман ҳангоми сафар бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳам кард, зеро ин барои САҲА дар маҷмӯъ ва шахсан барои ман афзалияти бузург аст. Мисли ҳама ҷо, дар ин ҷо низ муҳим аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муколамаи ошкоро бо ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли САҲА иштирок кунад. Мутобиқи ваколатҳои дахлдори худ, ниҳодҳои САҲА дар самти созмон додани минтақае кор мекунанд, ки дар он институтҳои демократии устувор ва муассир ба манфиати одамон кор мекунанд.
Масалан, Намояндаи озодии ВАО бо мақомоти давлатӣ дар самти дастгирии онҳо дар иҷрои ӯҳдадориҳои васеъ дар доираи САҲА ҳамкорӣ мекунад. Кишварҳои демократӣ танҳо дар сурате дуруст фаъолият карда метавонанд, ки ҳуқуқҳои инсон риоя карда шаванд, одамон огаҳ бошанд ва ба иттилоот ва табодули он дастрасии озод дошта бошанд.
- САҲА лоиҳаҳои зиёди ҳукуматро дастгирӣ мекунад. Аммо вақте ки ВАО-и хусусӣ ё дигар созмонҳои ҷамъиятӣ аз САҲА грант/кӯмак мегиранд, баъзе ниҳодҳои давлатӣ онҳоро барои ин танқид мекунанд. Шумо дар ин масъала чӣ фикр доред?
Тавре ки ман ҳозир зикр кардам, дар доираи ваколати худ мо ҳам бо ҳукумат ва ҳам бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ мекунем. Мо бо тамоми қишрҳои ҷомеа дар тамоми ҷанбаҳои амният ҳамкорӣ мекунем. Чунин муносибат ба амният бартарӣ ва усули олидараҷаи кори мост.
Қайд кардан муҳим аст, ки муносибати САҲА ба амният аз мафҳуми анъанавии сиёсӣ-ҳарбӣ фаротар аст. Мо ба амният, аз ҷумла масъалаҳои экологӣ ва иқтисодӣ, инчунин ченакҳои хеле муҳими инсонӣ ба таври фарогир назар мекунем. Ин се ҷанба ба ҳам пайванданд - зеро агар мо бо як ҷанба сарукор дошта дигарашро сарфи назар кунем, аз эҳтимол дур аст, ки мо ҳалли устувори мушкилотро пайдо кунем. Аз ин рӯ, мо дар баробари амнияти сарҳадҳо дар соҳаи амнияти захираҳои обӣ низ кор мекунем. Мо дар самти мубориза бо хариду фурӯши одамон ва дастгирии ҳамкории милитсия бо ҷомеа, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқҳои қонунии одамони дорои маъюбият кор мебарем.
Мо ба ин муносибати бисёрҷанба ва умумиҷамъиятӣ аз ҳарвақта бештар ниёз дорем, зеро бо таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ мешавем. САҲА аз муқовимат ба қочоқи яроқи сабуки оташфишон, то мубориза бо оқибатҳои зараровари коррупсия ва таҳкими волоияти қонун, амниятро дар саросари минтақа тақвият медиҳад.
- Барои Тоҷикистон масъалаи сарҳад бо Қирғизистон хеле муҳим аст, ки дар он ҷо даргириҳои доимие, ки талафоти ҷонӣ низ доранд, рух медиҳанд. Аз тарафи дигар, САҲА дар ҳалли низоъҳое, ки дар минтақаи он аз ҳад зиёд тӯл мекашанд, таҷриба дорад ва барои пайдо кардани роҳҳои ҳалли онҳо фазои миёнаравӣ дар шаклҳои гуногунро созмон медиҳад. Раванди ҳалли низоъи Тронснистриё (Приднестровье), муҳокимаҳои Женева дар масъалаи Гурҷистон, Гурӯҳи Минск оид ба ҳалли низоъи Қарабоғи Кӯҳӣ ва Гурӯҳи сеҷонибаи тамос (TCG) аз намояндагони Русия, Укроин ва САҲА барои миёнаравӣ ва назорати низоъ дар Укроин намунаи чунин раванди ҳалли низоъ шуда метавонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин таҷриба ва салоҳиятҳои САҲА, оё шумо масъалаи ҷалб шудан дар миёнаравӣ дар муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунед?
- Ман вазъиятро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бодиққат пайгирӣ мекунам ва бо ҳарду ҷониб тамос дорам.
Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳарду тасмим гирифтанд, ки тамоми масъалаҳои ҳалталабро ба таври дуҷониба ҳал кунанд. САҲА дастгирӣ пешниҳод кардааст ва омода аст, ки мувофиқи дархост кӯмак расонад.
Дар ин замони мушкил, ҳал кардани ҳамаи масъалаҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот аҳамияти ниҳоят калон дорад. Дар ин робита, ман мулоқоти чанде пеш баргузоршудаи гурӯҳҳои кории топографиро истиқбол мекунам. Тавре, ки ба ман маълум аст, мулоқоти навбатӣ дар ин ҷо, дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ки омодагии ҳарду ҷонибро барои ҳалли ҳама масъалаҳои ҳалталаб ба таври дуҷониба нишон медиҳад.
- Дастрасӣ ба иттилоот низ яке аз принсипҳои асосии САҲА мебошад ва Намояндаи САҲА дар умури озодии расонаҳо вазифаи огоҳкунии пешакиро дорад ва бояд ба поймолкунии ҷиддии ӯҳдадориҳои САҲА дар самти озодии расона ва озодии баён вокуниши фаврӣ кунад. Оё САҲА зери раҳбарии шумо ба ин мушкиле, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад таваҷҷуҳ хоҳад кард?
- Тавре ки шумо дуруст қайд кардаед, мушоҳидаи вазъи ВАО дар Давлатҳои узви САҲА ба доираи салоҳиятҳои Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО дохил мешавад. Намоянда риояи пурраи принсипҳо ва ӯҳдадориҳои Созмонро дар бахши озодии баён ва расонаҳои озод ҷонибдорӣ ва мусоидат мекунад.
Давлатҳои САҲА борҳо изҳор доштаанд, ки ҷомеа бояд иттилоот ва афкорро бидуни дахолати мақомоти давлатӣ дастрас намояд. ВАО-и мустақил барои ҷомеаи озоду кушод ва низомҳои ҳисоботдиҳандаи ҳукуматӣ муҳим мебошанд. Дар ин замина, САҲА ва дигар созмонҳо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар аввали моҳи май конфронси васеъро бо ширкати шарикони тоҷик, аз ҷумла созмонҳои расонаӣ ташкил карданд.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста