Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи заминларза дар Афғонистон бо нашри баёнияе изҳори тасалият кардааст.
Ин ниҳод бо намояндагӣ аз ҳукуматиТоҷикистон навиштааст, ки "ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст, моро сахт андӯҳгин кард."
"Тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем."-омадааст дар баёнияи вазорат.
Ёдовар мешавем, ки шаби 21 ба 22 июн дар бархе вилоятҳои Афғонистон заминларзаи шадид рух дод. Гуфта мешавад, ки русто аз вулусволии Гиёни вилояти Пактико комилан хароб шудааст. Рустоҳои аҳолинишини манотиқи Бармало, Зирук ва Никл низ зарар дидаанд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира теъдоди қурбониёни заминларза дар Афғонистон ба 1500 нафар расида, беш аз 2000 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Қувваи заминларза 6,1 балл арзёбӣ шуда, маркази заминларза дар 44 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хуст дар умқи 15 километр будааст.
Русия, Эрон, Чин ва Покистон барои кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Афғонистон изҳори омодагӣ карданд.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, артиши Покистон, Вазорати хориҷаи Эрон ва Вазорати хориҷаи Чин дар паёмҳои ҷудогона эълом кардаанд, ки кишварҳояшон омодаанд ба осебдидагони заминларзаи Афғонистон кумак кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста