Ҳукумати Тоҷикистон бори навбатӣ барои дастрасӣ ба қарзи имтиёзноки Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар доираи барномаи “Механизми васеъи қарздиҳӣ” талош варзид.
Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, дар вохӯрии роҳбари ин ниҳод Ҳоким Холиқзода ва вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори ХБА Кристалина Георгиева дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария рӯзи 3 июл дар доираи Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати Хазинаи имкони дастгирии молиявӣ “барои амалисозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ” баррасӣ шуд.
Механизми васеъи қарздиҳӣ воситаи асосии ХБА барои дастгирии миёнамуҳлати кишварҳои даромадашон паст мебошад, ки дар давраи тӯлонӣ ба мушкилоти танзими тавозуни савдо дучор мешаванд. Маблағгузорӣ дар доираи механизми мазкур бо меъёри фоизии сифр (0), давраи имтиёзноки 5,5 сол ва муҳлати пардохти 10 сол амалӣ мешавад.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон зарурати роҳандозӣ намудани барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи ин механизм аз ҷониби Хазина, барқарор намудани намояндагии доимии ХБА дар Тоҷикистонро, ки дар татбиқи ҳадафҳо ва ислоҳотҳо нақши ҳамоҳангсозро иҷро мекунад, пешниҳод намуд.
Гап сари он аст, ки соли 2020 пас аз анҷоми муҳлати мудирияти намояндаи навбатии ХБА, барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон як Намояндаи доимӣ бо қароргоҳ дар Тошканд муқаррар шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои марбута ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷараёни мувофиқа ва ҷалби қарзи ХБА дастур дод. Ин масъала яке аз бандҳои барномаи зиддибуҳронии ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки моҳи марти соли равон қабул шуда буд.
Гуфтушунидҳо дар мавриди ҷалби қарзи имтиёзноки ХБА моҳи октябри соли 2015 оғоз гардида, лекин соли 2020 бар асари маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус ҷоригардида боздошта шуданд.
Тобистони соли гузашта БМТ дар бораи дубора азсаргирии гуфтушунидҳо ва баррасии имкони роҳандозии барнома бо намояндагони ХБА хабар дод.
Муҳлати амали барномаи пешини сесола, ки дар чаҳорчӯби он аз ҷониби ХБА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарз ҷудо гардид, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида буд.
Дар чаҳорчӯби барномаи нав нахуст дар бораи ҷалби қарзи имтиёзнок ба маблағи 500 млн доллар ва баъдан - 300 млн доллар сухан рафта буд.
Тибқи маълумоти БМТ, ба нақша гирифта шудааст, ки ин маблағҳо ба дастгирии суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ, тавозуни савдо ва устувории захираҳои байнулмилалии кишвар равона мегарданд.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста