Тавре ки “Sputnik Тоҷикистон” хабар медиҳад, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти сарварии Аҳмад Масъуд ният дорад, ки дар Душанбе бо толибон конфронс баргузор кунад. Рӯзи баргузории конфронс ҳоло маълум нест, вале даъвати намояндагони аҳзоби сиёсӣ, зиёиён, ходимони ҷамъиятӣ ва дигарон, ба сурати умум боз 50 нафари дигар низ ба кори он дар назар аст.
“Ҳадафи конфронс ҷустуҷӯи роҳҳалли сиёсӣ барои буҳрон ва ҳам эҷоди як ҳукумати ҳамашумул бо ширкати тамоми нерӯҳои сиёсӣ дар Афғонистон аст”, - менависад Sputnik бо такя ба манбаи худ аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ.
Барои тасдиқи дурустии ин маълумот хабаргузории “Азия-Плюс” ба сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон муроҷиат кард. Дар он ҷо ба мо гуфтанд, ки сафорат чунин маълумот дар даст надорад, зеро на намояндагони Ҷабҳаи миллӣ ва на мақомоти расмӣ дар ин бора ба онҳо хабар надодаанд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки ин маълумотро тасдиқ ҳам карда наметавонанду инкор низ, зеро “дар ҳар ду ҳолат ҳам ин иштибоҳ хоҳад буд”. Аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала дар Вазорат худдорӣ намуданд.
Душанбе кайҳост, ки ба сифати як макони мулоқоти тарафҳои даргири Афғонистон барои оштӣ додани онҳо дониста мешавад. Бори нахуст ин масъала моҳи сентябри соли гузашта миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Покистон Имрон Хон матраҳ шуда буд. Ҳарду кишвар ба мувофиқа расида буданд, ки ба музокироти Толибон ва тоҷикони Афғонистон дар Душанбе мусоидат хоҳанд кард, аммо то имрӯз ин мулоқот сурат нагирифтааст. Ба ҳар ҳол, дар Душанбе.
Лекин вохӯрӣ моҳи январи соли равон дар Эрон баргузор шуд. Дар он толибонро вазири корҳои хориҷӣ Амирхон Муттақӣ ва ҷониби Ҷабҳаро пешвои он Аҳмад Масъуд ва фармондеҳи неруҳои мардумии вилояти Ҳирот Муҳаммад Исмоилхон, ки бо номи “Шери Ҳирот” низ машҳур аст, намояндагӣ карданд.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид Муттақӣ гуфт, онҳо ба неруҳои мардумӣ итминон додаанд, ки “метавонанд ба Афғонистон баргашта, осоишта ҳаёт ба сар баранд”.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ин вохӯриро ба ҳеҷ гунае шарҳ надода, лекин аз замони таъсиси худ тобистони соли гузашта аъзои ҷабҳа толибонро ба ташкили як ҳукумати фарогири иборат аз ҳамаи гуруҳҳои этникиву сиёсӣ, инчунин риояи ҳуқуқи одамон, аз ҷумла занони Афғонистон даъват мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки ҳукумати толибон моҳи сентябри соли гузашта таъсис дода шуда, асосан аз аъзои ҳаракати тундгаро ва паштунҳои этникӣ иборат аст.
Чунин сохтори ҳукумати толибонро на танҳо Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ, балки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ва ҳатто давлатҳое, ки аз рӯзҳои аввали сари ҳокимият омадани толибон ҳамкориро бо онҳо оғоз намуданд, аз ҷумла Чин ва Русия низ эътироф накардаанд.
Қобили зикр аст, ки маълумот дар бораи вохӯрии Аҳмади Масъуд бо толибон дар Тоҷикистон пас аз сафари президенти Русия ба Душанбе рӯзи 28 июн пайдо шуда, тибқи баъзе маълумот Владимир Путин дар ин ҷо бо Масъуд гуфтушунид ва бо назари ӯ дар бораи вазъи Афғонистон шинос шудааст.
Аҳмад Масъуд писари собиқ фармондеҳи маъруфи тоҷиктабори Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд мебошад. Баъди тасарруфи Кобул аз ҷониби толибон Масъуди хурдӣ Ҷабҳаи муқовимати миллиро, ки ба муқовимати мусаллаҳона бо толибон пардохт, ба роҳбарӣ гирифт.
Аввали моҳи сентябр ба толибон муяссар шуд, ки гуруҳҳои Ҷабҳаро аз маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Панҷшер берун ронанд, лекин неруҳои мардумӣ ба ҷанги партизанӣ гузаштанд.
Тайи моҳҳои ахир дар бораи задухӯрдҳо миёни ҷангиёни неруҳои ҷабҳа ва толибон дар Панҷшер, ки дар он толибон ба талафоти бузург дучор мешаванд, хабарҳои зиёд нашр мешавад. Худи Толибон ин хабарҳоро рад намуда, изҳор мекунанд, ки вазъият дар Панҷшер осоиштаву амн аст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста