Дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ имрӯз, 21 июл бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқоти дуҷониба анҷом доданд, ки дар фазои самимият доир гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон, ки моҳи июни соли 2022 сурат гирифт ва ба муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ду халқи бародар такони нав бахшид, муҳимму арзишманд арзёбӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва ҳамгироии амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда омодагии худро иброз доштанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста