Шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи муҳими шинохти равандҳои зиндаи ҷомеа мебошанд. Ин зарфият барои роҳандозии осебшиносӣ имкон медиҳад ва баъзе вижагиҳои муҳити ҷомеаи Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Дар як ҳафтаи охир ду хабари муҳим барои шинохти муҳити фазои иттилоотӣ пахш шуданд: марги Михаил Горбачев, охирон роҳбари давлати Шӯравӣ ва Муҷибураҳмони Ансорӣ, мубаллиғи Толибон.
Барои чӣ баррасии навиштаҳо, баҳсҳо ва шарҳҳо перомуни марги ин ду нафар дар муҳити шабакаҳои иҷтимоии ватанӣ муҳиманд? Посух ба ин суоли усулӣ барои такмилу муосирии фаъолияти манбаҳои афкорсоз зарур мебошад:
Бо пахши хабари марги Михаил Горбачев дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ селаи дуои бад ва нафрин навишта шуд. Нуктаи бебаҳс ин аст, ки Михаил Горбачев шахсияти таърихсози асри ХХ буд. Маҳз дар давраи роҳбарии ӯ СССР аз байн рафт ва Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро эълон намуд. Таҳлилу арзёбии навишта ва шарҳҳои фейсбукӣ нишон медиҳанд, ки корбарон ба се гуруҳ тақсим шуданд: теъдоде Михаил Горбачев барои барҳам задани Шуравӣ гунаҳкор намуда, ба ӯ лаънат фиристоданд (i); дигарон (бахши кам вале аҳли фаҳм) хидмати Михаил Горбачевро дар роҳандозии озодии баён ва шикасти низоми тоталитарӣ зикр намуданд, ки дар натиҷа ҷумҳуриҳои СССР ба соҳибихтиёрӣ расиданд (ii); ва бахши ниҳоят кам таҳлилҳои бетараф ва усулиро нашр намуданд (iii). Бидуни баҳс, маҳз амалкард ва барномаи Михаил Горбачев барои худсолор шудани Тоҷикистон сабаб шуд (озодии ҳамаи ҷумҳуриҳои СССР ва фарҷоми низоми коммунистӣ дар Аврупои Шарқӣ). Аз ин дидгоҳ, ҳам арҷгузорӣ ба соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва ҳам лаънат фиристодан ба Михаил Горбачев то андозае дуруягии сиёсӣ аст. Ва нишон медиҳад, ки худсолории Тоҷикистон ба ҳайси арзиши зинда дар ҷомеа (ба хусус дар муҳити фикрӣ) устувор нашудаанд.
Таърих нишон медиҳад, ки асри ХХ - асри шикасти империяҳо (ҳам классикӣ ва муосир) будааст ва он раванд то ба имруз ҷараён дорад. Агар дар мисоли Лигаи Миллатҳо (нахустин созмони ҷаҳонӣ, пешомади СММ) гирем, то соли 1946 ҳудуди 63 кишвар узви он буданд. Имруз 193 кишвар (ҳамаи давлатҳои соҳибихтиёри дунё) узви СММ ҳастанд. Яъне, аз байн рафтани давлатҳои бузург як раванди табиии ҷаҳонӣ буда, пештар аз сари кор омадани Горбачев оғоз гардидааст. Ба эҳтимоли зиёд соли 2100 дар дунё зиёда аз 400 кишвари соҳибихтиёр пайдо мешаванд...
Дар гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” перомуни марги Муҷибураҳмони Ансорӣ, ки бо таблиғи Толибон машғул буд, баҳси ҷолибе давом дорад. Чанде аз корбарони алоҳида аз ӯ қаҳрамонсозӣ карданд... Албатта ҳар кас барои баёни андеша ҳақ дорад, вале симосозии мусбат аз Ансорӣ, ки ба ҳайси абзори таблиғи андешаи толибонӣ истифода мешуд, ба мо хатарҳои воқеӣ дорад. Таҷрибаи толибонӣ ба кишвари мо (ва ба ҳар кишвари муосир) мувофиқ нест, чун ҷомеаро ба ҷаҳолат меораду бадбахт мекунад ва амнияту суботро аз байн мебарад. Ба ибораи Нитше инсоният аз таърихи гузашта - чизеро намеомузад. Ин нукта барои мо муҳим аст, чун дар асри ХХ ду ҷанги шаҳрвандиро паси сар намудем, ки оқибати онро то имруз эҳсос мекунем.
Бинобар ин реша давондани андешаи толибонӣ дар ҷомеаи мо хатари зиёд дорад ва нишон медиҳад, ки таҳлилу арзёбиҳои пештар баён шуда дар бораи таҳдидҳо аз таҷрибаи Толибон на сунъӣ, балки воқеӣ ҳастанд. Ҳолати мазкур дар натиҷаи як сол дар қудрат будани Толибон шакл гирифтааст. Аз рӯи иттилои расонаҳо дар қаламрави Афғонистон ҳаракатҳои экстремистӣ таблиғро бо забони тоҷикӣ ва хати кирилӣ роҳандозӣ намудаанд. Агар посухи зеҳнии мувофиқ ба чунин таблиғ ва иқдом рӯи даст гирифта нашавад, пас эҳтимоли зиёд дар ояндаи наздик бо падидаи ҷиддии экстремистӣ рӯ ба рӯ хоҳем шуд.
Дар охири ёддошт зикр менамоям, ки имруз қавӣ намудани арзиши соҳибихтиёрӣ ва худсолории Тоҷикистон муҳим аст, чун таҳдидҳо ба озодии кишвар хусусияти воқеӣ пайдо намудаанд (i). Бо назардошти мавқеи Тоҷикистон нисбат ба Толибон ва эҳтимоли зиёди бад шудани вазъи сиёсию амнияти дар Афғонистон пешгирӣ ва муқовимат ба андешаи толибонӣ ва дигар гуруҳҳои эксремистӣ низ ниҳоят муҳим мегардад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста