Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард, ки оташбасро дар марз риоя кунанд.
Тавре ки Report хабар медиҳад, дар изҳороти котиби матбуотии Департаменти давлатии ИМА Нед Прайс зикр шудааст, ки ҷонибҳо бояд талошҳои худро барои барқарории оромӣ аз тариқи роҳҳои дипломатӣ дучанд кунанд.
"Хабари даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон моро нигарон кардааст. Чунин ҳолатҳо бештар ҷони мардумони ғайринизомиро дар хатар мегузорад ва мо ба хонаводаҳои осебдидагон ҳамдардӣ баён мекунем,- омадааст дар изҳороти Нед Прайс.
Муноқишаи навбатии мусаллаҳона байни хизматчиёнии ҳарбии Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи байни ду кишвар 14 сентябр оғоз шуд. Ҳар ду ҷониб ҳамдигарро ба оғози муноқиша ва истифода аз силоҳу муҳимот ва техникаи вазнини ҳарбӣ айбдор мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷузъиёти ҳамлаи низомиёни қирғиз хабар дода, онро “амали таҷовузкорона” номид. Инчунин Вазорат теъдоди кушташудагонро дар ҷараёни задухӯрдҳо 28 нафар арзёбӣ кард.
Дар навбати худ, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ дар изҳороти худ “ҳамлаи қаблан тарҳрезишудаи Тоҷикистон”-ро амали таҷовузкорона хонд.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста