Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки пагоҳ, 7-уми октябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар доданд.
Нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ дар рӯзи зодрӯзи Владимир Путин раисиҷумҳури Русия баргузор мешавад, ки пагоҳ 70-солагии худро таҷлил мекунад.
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфтааст, Путин зодрӯзашро дар ҷои кор мегузаронад
"Ӯ чорабиниҳои корӣ ба нақша гирифтааст, мо дар бораи онҳо ба шумо ба таври иловагӣ хабар медиҳем",- афзудааст Песков дар суҳбат бо "Известия".
Дирӯз, 5 –уми октябр Эмомалӣ Раҳмон 70-солагии худро дар ҳалқаи фарзандону наздиконаш таҷлил кард
Ба ифтихори ин сана, Путин раҳбари Тоҷикистонро ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3 “барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ” қадрдонӣ кард.