Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми октябр, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (ҲМҲТБО) бо Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Покистон мулоқот кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни ин дидор ҷонибҳо оид ба рушду густуриши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд, боз ҳам устувор ва амиқ гардонидани пайвандҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, вусъат бахшидани лоиҳаҳои энергетикӣ, қавӣ сохтани ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ ва низомию техникӣ гуфтугӯ карданд.
“Барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, энергетика, Шӯрои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ва таъсиси Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар зарур шумурда шуд”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ҳамчунин, президентҳо дар доираи ҳамкории амниятӣ масъалаҳои муқовимати самаранок бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзиро муҳокима карданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз Шаҳбоз Шариф даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
Ҳуҷуми малах ба замину чарогоҳҳо кишоварзони Суғдро нигарон кардааст
Баъди гузориши “Азия-Плюс” роҳбари “Хуҷанд-роҳ” гуфт, роҳи дар Деваштич cохтаро “аз ҳисоби худ таъмир мекунем”
Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнусия самбочиёни тоҷик 27 медал ба даст оварданд
Поёни оташбаси 30-соата. Русия ва Украина якдигарро ба нақзи он муттаҳам карданд
“Достони Сиёвуш” ва қиссаи “Бозгашт”-и театри Конибодом. Намоишномаҳои ду рӯзи охири “Парасту-2025” аз чӣ қисса карданд?
Аз шарҳи бо ресмон бастани кӯдаку дуздии пули барқ то интиқоли мактаббачаҳо дар ҳолати мастӣ. Ахбори ҷиноии чанд рӯзи охир
Муштзани тоҷик Меҳрубон Сангиновро ширкати "промоутерӣ" фиреб додааст
Тоҷикистон ва Туркия масъалаи бекор кардани низоми раводид байни ду кишварро баррасӣ мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 2
Чаро дар Тоҷикистон нархи помидор аз гармхонаҳо боло рафт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста