Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвари давлати Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар робита ба ҳалок ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум дар ин кишвар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки “хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истамбул боиси андуҳи амиқи мо гардид”.
“Таъзия ва таслияти самимии ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсти Туркия ва аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ иброз намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», - омадааст дар барқия.
Ёдрас мекунем, ки дар пайи таркиши бомба, ки шаби 13-уми ноябр дар маркази шаҳри Истамбули Туркия рух дод, 6 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ба ин ҳодиса як зане даст доштааст, ки бастаи бомбадорро дар роҳи пиёдагузари серодам гузоштааст.