Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон хабари барканорияш ва таъйини сарпарасти нав аз сӯи Толибон* дар Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ин хабар воқеият надорад ва Сафорат аз сӯйи Толибон ҳеҷ дастуре нагирифтааст.
Чанде пеш хабаргузории "Индепендент форсӣ" навишт, ки бо дастури Мавлави Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар аз мақоми сафирӣ дар Тоҷикистон барканор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Муҳаммад Зариф Асир, Ҷавод Шӯъла ва Кабир Қосим, ки пеш аз ин низ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе фаъолият мекарданд, ба унвони сарпараст, консул ва масъули идории сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе таъйин шудаанд.
"Чандин манбаъ дар шаҳри Душанбе дар гуфтугӯ бо "Индепендент форсӣ" таъйид карданд, ки Ағбар 27-уми ноябри соли 2022 бар асоси фармоне, ки аз сӯи сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон содир шуда буд, аз мақоми сафири Афғонистон дар Душанбе барканор шудааст",- навиштааст хабаргузорӣ.
Аз Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” зикр намуданд, ки Сафорат ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад ва Тоҷикистон низ дар баробари тамоми кишварҳои ҷаҳон ин гуруҳро эътироф накардааст. Аз ин рӯ Сафорат ба таври маъмулӣ кору фаолият намуда истодааст.
"Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз рӯзи аввали ғасби ҳукумат аз ҷониби Толибон онҳоро гурӯҳи ишғолгар ва ҷинояткор хитоб намуда ва гуфта буд, ки онҳо ҳеч машрӯъияти дохилӣ ва байналмиллалӣ надоранд. Ҳеҷ дипломати сафорат бо гурӯҳи Толибон* ҳамкорӣ надорад. Сафорат гурӯҳи Толибонро ба расмият намешиносад ва ба таври маъмули кору фаъолият намуда истодааст. Ин хабар воқеият надорад", - гуфтанд аз сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон.
Манбаъ гуфт, баъзе тағйироти кадрӣ дар дохили худи Сафорат бо дастури сафир Зоҳири Ағбар ба амал омадааст ва ин рабте ба Толибон надорад.
Муҳаммад Зоҳири Ағбар чанд рӯз пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон дар моҳи августи соли 2021 акси Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистонро аз девори сафорати Афғонистон дар Душанбе поин кашид ва акси Амаруллоҳ Солеҳ, муовини якуми Ғаниро ба ҷой он насб кард ва гуфт, Солеҳро сарпарасти қонунии ин кишвар медонад ва фаъолияташро ҳамчун сафири мардуми Афғонистон дар Душанбе идома медиҳад
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Индепендент форсӣ" аз қавли як манбаъаш навиштааст, Зариф Асир, ки пеш аз ин ба унвони мусташор (муовини сафир)-и сафорати Афғонистон дар Душанбе кор мекард, акнун бо таъйиди Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ, дар ҷойгоҳи сарпарасти сафорат қарор гирифтааст.
“Як манбаъи дигар гуфт, ки Тоҷикистон ҳудуди панҷ моҳ қабл, ду дипломати худро ба Кобул фиристод ва дар ин муддат, равобит миёни режими Толибон ва давлати Тоҷикистон барқарор будааст. Дар он замон, Толибон шахсеро ба номи Қорӣ Файзулраҳмон Атоӣ, ба унвони дастёри сафорати Афғонистон дар Душанбе муаррифӣ кард, аммо ӯ ба далоили номаълум ба Душанбе нарафт”, - навиштааст манбаъ.
Тоҷикистон танҳо кишвар дар миёни ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки то кунун барқарории ҳаргуна равобити расмӣ бо Толибонро инкор кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва шуморе аз мақомҳои ин кишвар, борҳо ба сароҳат аз қавмӣ будани режими Толибон интиқод карда ва хостори ташкили давлати фарогир бо ҳузури намояндагони ҳамаи ақвом дар Афғонистон шудаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста