Бо гузашти беш аз якуним соли ишғоли қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон* наздиктарин кишвари ҳамсояи он Тоҷикистон ҳамоно дар мавқеи эълонкардаи худ устувор боқӣ мондааст ва онро тағйир надодааст. Гузашти вақт ҳам собит намуд, ки мавқеи Тоҷикистон бо мавқеи аксари кишварҳои ҷаҳон наздик ва дуруст аст.
Ин нуктаро имрӯз, 8-уми феврал, Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС), дар як нишасти хабарӣ таъкид намуд.
Ӯ гуфт, Тоҷикистон бо Афғонистон муносибатҳои деринаи таърихӣ ва ҳамҷаворӣ дорад, аз ин лиҳоз, дар қиболи он ҳаводисе, ки дар ин кишвар рӯй медиҳанд, бетараф буда наметавонад.
“Президенти кишвар таъкид намуда буданд, ки мо ба ҳодисаҳое, ки дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҷараён мегиранд, мудохила намекунем, вале бетараф буда ҳам наметавонем”, - зикр кард Хайриддин Усмонзода.
Ба таъкиди директори МТС, мазҳ бо назардошти ин нукта, Тоҷикистон наметавонад ҳамкориро дар тамоми соҳаҳо бо Афғонистон қатъ намояд.
“Тоҷикистон ҳавасманди он аст, ки кишвари ҳамсояи мо бехатару босубот бошад, рушд кунад. Амниятро бе рушди иқтисод таъмин кардан ғайриимкон аст. Иқтисодиёт ҷанбаи инсонпарварӣ дорад. Бинобар ҳамин, Тоҷикистон байни ҳамкориҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ фарқ мегузорад. Айни ҳол ҳамкории мо дар самти иҷтисодӣ ва гуманитарӣ ба роҳ монда шудааст”, - иброз дошт Хайриддин Усмонзода.
Ӯ таъкид кард, ки мавқеи Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси сиёсии Афғонистон бетағйир боқӣ мондааст ва он барои тамоми кишварҳо возеҳу равшан аст.
“Ташкили ҳукумати фарогир бо ҷалби тамоми нерӯҳои сиёсӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои тамоми табақаҳои аҳолии ин кишвар, новобаста аз мансубияти қавмӣ. Ин мавқеи сиёсии пешгирифтаи Тоҷикистон бо мавқеи аксари кишварҳои дунё наздик аст ва бо гузашти вақт дурустии ин мавқеъ исбот шуда истодааст”, - гуфт директори МТС.
Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвари минтақа аст, ки бо ҳукумати сарпарасти дар Афғонистон ташкилнамудаи Толибон равобити сиёсӣ надорад, аммо дар баробари ин, ироаи кӯмакҳои башардӯстонаро тавассути қаламравӣ худ ва фурӯши барқро ба ин кишвар низ қатъ накардааст.
Кишварҳои дигари минтақа бо фиристодани сафирону вазирони худ ба Кобул бо Толибон навъе равобитро ба роҳ монданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста