Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо нашри иттилоияе ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия дод, ки муваққатан аз ҳама гуна сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.
Дар изҳороти ин ВКХ-и Қирғизистон, ки дирӯз, 14-уми март нашр шуд, бори дигар ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия дода шудааст, ки “аз ҳар гуна сафар ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд”, зеро ба иттилои ин ниҳод Тоҷикистон гӯё “бидуни огоҳии расмӣ сафар ба ин кишварро маҳдуд мекунад”.
“Тибқи иттилои сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон, марзбонон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба қирғизистониҳо иҷозат намедиҳанд, ки вориди ин кишвар шаванд. Дар натиҷа, қирғизистониҳо маҷбур мешаванд, ки маблағи иловагӣ сарф карда, билет харанд ва дар минтақаи транзитӣ парвози баргаштро мунтазир монанд”, - таъкид мегардад дар изҳороти ВКХ-и Қирғизистон.
Бояд зикр намуд, ки ин аввалин тавсияи худдорӣ аз сафар ба Тоҷикистон нест, ки ҷониби Қирғизистон ба шаҳрвандони худ медиҳад. Пеш аз ин, 22-юми декабри соли гузашта низ ВКХ-и Қирғизистон ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия дода буд, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.
Тавсияи такрории ВКХ-и Қирғизистон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон то имрӯз ҳеҷ як ҳодисаи озору бадрафторӣ нисбати қирғизистониён дар заминаи баҳси марзӣ сабт нашудааст. Баръакс, ВКХ-и Тоҷикистон 22-юми сентябр дар як изҳороти хеш оид ба афзоиши мавридҳои таъқибу табъизу тарсондани шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни давлати Қирғизистон хабар дода буд.
Қобили зикр аст, ки сарҳад аз тарафи Тоҷикистон боз буда, Қирғизистон пас аз муноқишаи навбатӣ якҷониба сарҳад бо Тоҷикистонро аз 21 майи соли 2021 баста буд ва он то ҳол баста боқӣ мемонад.
Муноқишаи ахир байни кишварҳо нимаи моҳи сентябр рух дод. Бар асари он аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин муноқиша манзилҳо ва иншооти иҷтимоии сершумор дар қаламрави наздимарзӣ тахриб ва ё пурра вайрон шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистону Қирғизистон аз 970 километр марз танҳо 602,5 километри онро аломатгузорӣ намудаанд.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста