Масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Русия ва рафти иҷрои тавофуқоти сарони давлатҳо оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират аз мавзӯъҳои муҳиме будааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 19-уми июн, зимни сафари худ ба Русия ва мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар ин бораи сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
“Вазирон аз анҷоми раванди музокироти тӯлонӣ доир ба сабти ҳуқуқии амволи ғайриманқули дипломатии ду кишвар, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сафоратҳо ва консулгариҳои генералии Тоҷикистону Русия хидмат хоҳад кард, изҳори қаноатмандӣ намуданд”, - гуфта мешавад дар хабари нашркардаи ВКХ-и Тоҷикистон.
Аз натиҷаи мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров ҳуҷҷатҳои зеринро ба имзо расониданд:
1) Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2) Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ.
3) Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта.
Таъкид мегардад, ки музокирот дар фазои созанда ва дӯстона сурат гирифтааст.
Бояд гуфт, ки ин мулоқоти дуюми вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия давоми моҳи равон ба ҳисоб меравад. Қаблан, 5-уми июни соли ҷорӣ Сергей Лавров ба Тоҷикистон омада бо Президенти Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷикаш мулоқотҳо анҷом дода буд. Сафари Лавров ба Душанбе замоне иттифоқ афтод, ки дар Русия боздошту латукӯби муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик авҷ гирифта буд. Он замон мақомдорони тоҷик бо ирсоли чандин мактуб аз ҳамтоёни руси худ даъват карда буданд, ки сабабу омилони маъракаи боздошту латукӯби муҳоҷирони тоҷик дар Русия мушаххас ва нафарони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, аммо ҳеҷ як мақоми Русия он замон ва то ҳол ба ин муроҷиатҳо посухи ошкор нагуфтааст ва ҳамин тавр, маълум нест, ки сабаби авҷи боздошту латукӯби тоҷикон дар Русия чист.
Ҳамчунин, зимни сафари худ ба Душанбе Сергей Лавров изҳор дошт, ки “Маскав умедвор аст, ки Душанбе ба зудӣ манфиатҳои пайвастанро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) барои худаш муайян хоҳад кард".
Пас аз ин Радиои Озодӣ бо такя ба хабаргузории русии ТАСС ва аз қавли як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навишт, ки Душанбе "айни замон масъалаи узвияти эҳтимолиро дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) баррасӣ надорад".
Ҳамин тавр, маълум нест, ки дар мулоқоти имрӯзаи Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров оё масоили муайянсозии сабабу омилҳои авҷи якбораи боздошту латукӯби муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва эҳтимоли пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) баррасӣ гардидааст ё не.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста