Дирӯз, якшанбеи 9-уми июл, дар Ӯзбекистон интихоботи президентии пеш аз муҳлат баргузор шуд, ки дар он Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури кунунӣ бори дигар ғолиб эълон гардид. Шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, низ дар Сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе овоз доданд.
Дар Душанбе ҳавзаи интихоботӣ чӣ гуна омада карда шуд, шаҳрвандони Ӯзбекистони муқими Тоҷикистон бо чӣ умед ба қуттиҳои райъдиҳӣ ҳозир шуданд ва пас аз овоздиҳӣ чӣ гуфтанд?
Гузориши хабарнигори “Азия-Плюс”-ро аз ҷараёни овоздиҳии шаҳрвандони Ӯзбекистон дар интихоботи президентӣ тамошо кунед:
Интихоботи мазкур - интихоботи пеш аз мӯҳлат аст. Шавкат Мирзиёев соли 2021 тариқи раъйпурсӣ бори дуввум президенти Ӯзбекистон интихоб шуда буд ва то интихоботи навбатии дигар беш аз 3 сол муҳлат дошт.
Вале моҳи апрели соли ҷорӣ ба сарқонуни ин кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он муҳлати президентиро аз 5 то 7 сол тамдид кард. Пас аз ин Мирзиёев аз идомаи муҳлати президентиаш даст кашид.
Ба иттилои пешакии Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон, дар интихоботи кунунӣ пеш аз 15 миллион нафар ё қариб 80 дарсади раъйдиҳандаҳо иштирок кардаанд. Ва беш аз 87 дарсади онҳо ба ҷонибдорӣ аз Шавкат Мирзиёев овоз додаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста