Намояндаи расмии ВКХ-и Русия Мария Захарова изҳороти ВКД-и Молдоваро дар бораи он ки Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва дигар навъҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави ИДМ оид ба Рустам Ашӯров, тоҷикистонии дар фурудгоҳи Кишинёв тирпароникарда, маълумот вуҷуд надошт, дурӯғ унвон кард.
Дар ин бора newsmaker.md хабар медиҳад. Ин бо истинод ба суханони Захарова менависад:
“Бархилофи Молдова мо бо Бюрои мазкур мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳамкорӣ мекунем. Дар робита ба ин, ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки на пеш аз ҳодиса дар фурудгоҳи Кишинёв, на дар ҷараёни он ва на пас аз он мақомоти салоҳиятдори Молдова ба пойгоҳи маълумоти Бюро дар бораи ин ҷинояткор муроҷиат накардаанд. Бинобар ин маълум нест, ки онҳо чӣ тавр гуфта метавонанд, ки вай дар пойгоҳи Бюро ҳаст ё не. Ба ин тариқ, шарҳи ВКД-и Молдова дар ин бора “дурӯғи маҳз” аст”, - навиштааст Захарова дар шабакаи телеграм.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Молдова "набояд барои тасмимҳои бемасъулиятона баҳона кобанд, балки бояд ба ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла тавассути механизмҳои бисёрҷонибаи дар ИДМ амалкунанда ва самаранокиашон собитшуда таваҷҷӯҳ кунанд".
Ёдрас мекунем, ки қаблан Мария Захарова изҳор дошта буд, ки тирпаронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв натиҷаи қатъи иштироки Молдова дар кори Бюро аст.
Пас аз ин дар ВКД-и Молдова изҳор намуданд, ки Бюро дар бораи шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Кишинёв тирпаронӣ кард, маълумот надорад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30-юми июн Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки иҷозаи вуруд ба Молдоваро дарёфт накард, дар фурудгоҳи Кишинёв тирпаронӣ кард ва ду корманди мақомоти амниятии фурудгоҳро ба ҳалокат расонид. Ҳангоми боздошт ӯ захмӣ шуд ва баъди чанд рӯз дар беморхона даргузашт.
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои рӯшан кардани ҷузъиёти ҳодиса ба Молдова сафар карданд. Қаблан, баъди чанд лаҳзаи тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки Рустам Ашӯров соли 2013 дар ватани худ барои содир кардани ҷиноят аз кор дар сафи мақомот озод гардида, барои муддате зиндонӣ шудааст. Ӯ пеш аз муҳлат ба озодӣ баромада, рӯзи 23-уми июн дар рабудани бонкир дар Душанбе иштирок кардааст.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ рӯзи 1 июл хабар дод, ки Рустам Ашӯров дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев гумонбар аст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста