Пагоҳ, 18-уми июл, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ озими Арабистони Саудӣ мешавад. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Шарифзода, Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, баъд аз нисфирӯзии 18-уми июл ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ меравад ва ин сафар ду рӯз идома мекунад.
“Ҷаноби олӣ рӯзи 19-уми июл дар Саммити нахустини Сарони давлатҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд ва ҳамон рӯз ба Тоҷикистон бармегарданд”, - гуфт сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Абдуфаттоҳ Шарифзода дигар ҷузъиёти ин сафарро ироа накард ва нагуфт, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ин сафар ҳаҷҷи умра мекунад ва ё на.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш аз ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки “Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳукумат ба шаҳри Макка ҳам сафар карда, маносики ҳаҷҷи умраро адо мекунанд”.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз 4 маротиба маносики ҳаҷҷи умраро адо карда, ду маротиба дохили хонаи Каъба ҳам даромадааст.
Ёдовар мешавем, тавре хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 1997 ба Арабистони Саудӣ маносики ҳаҷҷи умраро адо кардааст. Баъдан дар солҳои 2001, 2005 ва 2016 ба ҳаҷҷи умра рафтааст.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста