Дирӯз, 19-уми июл, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нахустин нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бо валиаҳд ва раиси Шӯрои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд ва раисиҷумҳурони Ӯзбекистону Қазоқистон - Шавкат Мирзиёв ва Қосим-Жомарт Токаев мулоқот кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти мулоқот бо шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

“Ҷонибҳо нишасти аввалинро дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Халиҷ” рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири робитаҳои машваратҳои ду минтақа арзёбӣ карда, изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои он ба тақвияти риштаҳои дӯстӣ ва пешбурди  ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо мусоидати муассир хоҳанд кард”, - менависад манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд
аз хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Инчунин, дар рафти мулоқот тарафҳо аз роҳандозӣ ва тақвияти муколамаи стратегӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҷонибдорӣ намудаанд.

Таъкид мешавад, ки зимни мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд, таҳкими робитаҳои ҳасана, нақши хоссаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳо муҳокима гардид.

“Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ба рушду густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Кумитаи муштараки дӯстии парлумонӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Форуми сармоягузории ду кишвар ва Фонди рушди саудӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, ҳамчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан, аз самтҳои барои ҳарду ҷониб судовар арзёбӣ гардид”, - афзудааст хадамоти матбуоти раисиҷумҳур.

Ҳамзамон, ҷалби сармояи саудӣ барои рушди бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, ки дорои захираву имкониятҳои фарох аст, зарур шумурда шудааст.

Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд даъват карда, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ояд.

Дар ин баробар, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нахустин нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бо Шавкат Мирзиёев мулоқот кардааст ва дар рафти суҳбат маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ, дӯстию бародарӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолат ва сатҳи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва тадбирҳои ҳукуматҳо ҷиҳати таъмиқи робита изҳори қаноатмандӣ кардааст.

“Ҷонибҳо вазъи робитаҳои ду кишварро дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки иштироки ду кишвар дар нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ метавонад бар нафъи давлатҳо хизмат расонад”, - омадааст дар хабар.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
аз хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом додаанд.

Ҳамзамон ба ин, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин нишаст бо Қосим-Жомарт Токаев дидор доштааст ва ӯ вохӯриро боз як имкони хуб барои муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон маънидод кардааст.

“Изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан байни ду кишвар ҳосилшуда барои таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард. Дар ин робита ҷонибҳо рафти омодагиро ба чорабиниҳои муштараки дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавию байналмилалии дарпешистода мавриди муҳокима қарор доданд”, - зикр зудааст дар хабар.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин баррасии дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев
аз хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

“Сарони давлатҳо барои боз ҳам самаранок истифода бурдани ҳамаи имкониятҳо ҷиҳати ба муваффақият гузаронидани рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар моҳи август, инчунин чорабиниҳои сатҳи олӣ – Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал табодули андеша карданд”, - афзудааст хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Бояд гуфт, сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ нимаи дуюми рӯзи 18-уми июл оғоз шуда, дирӯз ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 19-уми июл, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ рафта, бори панҷум маросими ҳаҷҷи умраро адо кард.