Дар шаш моҳи соли равон Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон 85 раводид додааст. Бештари онҳо донишҷӯён ва онҳое будаанд, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон оиладор шудаанд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод имрӯз, 15-уми август, гуфт, Тоҷикистон додани раводидро ба шаҳрвандони Афғонистон, махсусан донишҷӯён қатъ накардааст.
Вале авзуд, ин раванд тартиб ва муқарароти қонунии худро дорад, масалан, раводид барои донишҷӯёни афғон дар асоси дархости муассисаҳои таҳсилотии Тоҷикистон дода мешавад.
“Мо ҳамеша сайъ мекунем, ки шароити мусоид барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвадони Афғонистон дар Тоҷикистон фароҳам бошад”, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Ӯ афзуд, дар баробари ин, ба даҳҳо шаҳрванди Афғонистон, ки дар хориҷи кишвар буданду барои эҳтиёҷот ба Тоҷикистон омаданд, раводид дода шуд.
“Статус”-и сафорат ва консулгарии Афғонистон: бояд аввал ҳукумат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шавад.
Зимнан, Сироҷиддин Муҳриддин дар мавриди “статус”-и сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон ва консулгарии ин кишвар дар Хоруғ гуфт, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии ҳамаи кишварҳоро дар асоси уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонанд, ки дар асоси он намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии кишварҳои хориҷие ба қайд гирифта мешаванд, ки он кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд эътироф шуда бошад.

Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ягона ниҳоди дипломатии ҳукумати пешини Афғонистон аст, ки фаъол аст ва бо баргузории ҳамоишҳои мухталиф аз амалкарди Толибон* дар ин кишвар интиқод мекунанд.
Ҳамчунин, дар Хоруғ консулгарии Афғонистон фаъол аст, ки зимистони соли гузашта зери тарма монд. Баъдан, бархе расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки намояндагони ҳукумати Толибон аз ин консулгарӣ дидан карданд ва бо мақомоти Тоҷикистон вохӯрданд. Тоҷикистон то ҳол ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст.
Ёдовар мешавем, ки ду соли қабл, 15-уми августи соли 2021, гурӯҳи Толибон қудрат дар Афғонистонро ғасб карданд. Бо гузашти ду сол ҳукумати ин гурӯҳ то ба ҳол аз сӯи ҳеҷ кишвар ба расмият шинохта нашудааст.
Тоҷикистон аз камтарин ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки ҳукумати Толибонро интиқод мекунад ва хостори ҳукумати ҳамашумул дар ин кишвар аст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.
Қабр ё қаср? Чаро дар оромгоҳҳои Хуҷанд гӯрҳо фурӯ мераванд?
Боздошти як марди 53-сола бо гумони бо корд захмӣ кардани духтари 8-сола дар Панҷакент
Як соҳибкор ба 10 оилаи эҳтиёҷманди Конибодом хона тақдим кардааст
Милитсияи Душанбе гуфт, фарзандони волидайнеро, ки аз уҳдаи тарбияи онҳо намебароянд, ба муассисаҳои махсус месупорад
Таркиби этникии Осиёи Марказӣ: Кадом халқҳо ва дар кадом кишвар зиндагӣ мекунанд?
“Укроин се сол вақт дошт”. Интиқоди Зеленский, вокуниши Трамп ва натиҷаву вокунишҳо ба музокироти намояндагони Русия ва Амрико
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд ҳаҷми табодули молро байни ду кишвар ба $500 млн расонанд
Дар Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон ба муоинаи тиббии такрорӣ уҳдадор шаванд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири Тирмиз ва далқаки нодон”
Соли гузашта блогерони Тоҷикистон ҳудуди $2,5 млн даромад ба даст овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста