Чин нахустин кишваре шуд, ки баъд аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон дар тобистони соли 2021 сафири нави худро барои ин кишвар таъин кард.
Хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад, ки сафири нави Чин эътимодномаи худро зимни як маросими расмӣ дар шаҳри Кобул ба сарвазири ҳукумати Толибон дар Афғонистон супурдааст.
“Ин як чархиши муқаррарии сафири Чин дар Афғонистон аст. Ҳадафаш идомаи рушди муколама ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар мебошад. Сиёсати Чин нисбат ба Афғонистон возеҳ аст”, - гуфтааст намояндаи Вазорати умури хориҷии Чин.
Ин бори нахуст аст, ки як кишвари хориҷӣ баъди сари қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли 2021 сафири худ дар Афғонистонро расман таъйин мекунад. Дар давоми ин ду сол ягон кишвар ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст. Ҳарчанд, намояндагони Толибон чандин маротиба аз давлатҳои хориҷӣ хоста буданд, ки ҳукумати таъсисдодаи онҳоро ба расмият шиносанд.
Қаблан намояндагони Толибон таъкид карда буданд, ки дар давлатҳои Чин, Русия ва Эрон сафоратҳои Афғонистон ба дипломатҳои фиристодаи онҳо супорида шуданд.
Бояд гуфт, ки Толибон соли 2001 аз қудрати Афғонистон канор зада шуданд ва 15-уми августи соли 2021, пас аз бист соли ҷангу низоъ бо нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ва ҳампаймонҳои он, дубора ба Арги Кобул баргаштанд. Аммо ин гуруҳ то ҳол дар бештари кишварҳо террористӣ эълон шудааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста