Субҳи имрӯз, 18-уми сентябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафт. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, мақсади сафари Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - ИМА” мебошад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.
“Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд”, - навиштааст манбаъ.
Қаблан аз Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода буданд, ки нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - ИМА (С5+1) қарор аст 19 ё 20-уми сентябр дар Амрико баргузор шавад.
“Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабинӣ, ки дар чаҳорчӯби иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ баргузор мешавад, аз ҷониби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден даъват шудааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ мекунад.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 18 то 21-уми сентябр дар Амрико хоҳад буд.
Мушовири президенти ИМА оид ба амнияти миллӣ Ҷейк Салливан бошад, мегӯяд, ки мулоқоти дарпешистодаи раҳбари Амрико Ҷо Байден бо ҳамкасбонаш аз Осиёи Марказӣ алайҳи ҳеҷ кишваре нигаронида нашудааст ва “рӯзномаи мусбӣ” дорад.
“Ин нахустин нишасти президентӣ ба раҳбарон имкон медиҳад, ки як қатор масъалаҳоро, аз амнияти минтақавӣ то тиҷорат ва пайвастшавӣ, тағйирёбии иқлим ва ислоҳоти ҷорӣ барои беҳбуди идоракунӣ ва волоияти қонун баррасӣ кунанд”, - гуфт Салливан.
Вай қайд кард, ки воқеан C5+1 соли 2015 оғоз шуда буд ва дар солҳои минбаъда қавитар шуд: “Ва ҳоло мо бори аввал мулоқотро дар сатҳи роҳбарият мебинем”.
“Ҳадафи ин нишаст зидди ҳеҷ кишваре нест. Гап дар бораи як барномаи мусбат аст, ки мо мехоҳем бо ин кишварҳо ҳамкорӣ кунем”, - таъкид кард ӯ.
Мушовири Байден қайд кард, ки дар пайи ин нишаст тасмим гирифта мешавад, ки як изҳороти муштарак бо мушаххас кардани самтҳои кори муштарак қабул шавад.
Ёдовар мешавем, ки қолаби “Осиёи Марказӣ – ИМА” (С5+1) як платформаи муколама ва талошҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Он пас аз ҷаласаи нахустини вазирони корҳои хориҷӣ дар Самарқанд, дар моҳи ноябри соли 2015 таъсис ёфт. Ва пеш аз ин, онҳо дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуданд. Ин маротибаи аввал аст, ки мулоқоти мазкур дар сатҳи президентҳо доир мешавад.
Бахшҳои асосии баҳс дар доираи ин ташаббус амният, иқтисод ва экология мебошанд.
Нишасти охирини вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли “С5+1” рӯзи 28 феврал дар Остона баргузор шуд. Он замон ҷонибҳо тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодиро ҳам миёни кишварҳои минтақа ва ҳам бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карданд.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста