Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 13 октябр дар шаҳри Бишкек доир мегардад, ба Қирғизистон сафар мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр шуд, ки сарони давлатҳои Иттиҳод маҷмӯи васеи масоил, аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳати тиҷорату иқтисодро баррасӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ қарорҳои муҳими марбут ба тавсеъаи ҳамкорӣ дар доираи ИДМ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳанг қабул хоҳанд шуд.
Дар хадамоти матбуоти президент зикр карданд, ки ҳоло маълум нест, ки миёни сарони давлатҳо вохӯриҳои дуҷониба баргузор мешаванд ё не.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти”Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ” аз Бишкек боздид карда буд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар қаламрави кишвари ҳамсоя машқҳои муштараки Неруҳои дастаҷамъии СААД “Бародарии шикастнопазир-2023” ҷараён доранд, ки дар он низомиёни тоҷик низ иштирок доранд.
Қобили зикр аст, ки пас аз даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон низомиёни тоҷик бори аввал барои иштирок дар машқҳо ба қаламрави Қирғизистон ворид шуданд.
Байни Тоҷикистону Қирғизистн дар масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ баҳсҳо вуҷуд доранд, ки баъзан ба муноқишаҳои марзӣ боис мегарданд.
Масофаи сарҳади байни давлатҳо ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Айни замон зиёда аз сеяки ҳиссаи хатти сарҳад муайян ва аз ҷониби давлатҳо эътироф шудааст. Дар бораи беш аз 400 километри боқимонда то ҳол баҳсҳо идома доранд.
Гуфтушунидҳо дар ин хусус аз моҳи декабри соли 2002 идома доранд. Чанд рӯз пеш пас аз вохӯрии навбатӣ зикр шуд, ки ҷонибҳо ба хотимаи гуфтушунидҳо ва ояндаи наздик муқаррар намудани хати сарҳад наздик шудаанд.
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 6
Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён дар робита ба таркиш дар бандари Шаҳид Раҷоӣ барқияи тасаллӣ ирсол кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2025
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста