Имрӯз, 26-уми октябр, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар Бишкек баргузор мешавад, ба Қирғизистон сафар кард.
Қоҳир Расулзодаро дар фурудгоҳи Бишкек ҳамтои қирғизаш муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Бақит Торобоев пешвоз гирифт.
Ҳамчунин, ба Бишкек барои иштирок дар ин ҷаласа роҳбарони ҳукуматҳои Беларус, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Русия, Ӯзбекистон, ноиби раиси ҷумҳури Эрон, муовини сарвазири Туркманистон, вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустон ва Покистон низ ташриф овардаанд.
Мавзӯи асосии ҷаласаи 22-юми Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасии масъалаҳои такмили ҳуҷҷатҳои консептуалии қаблан қабулшуда гуфта мешавад.
Инчунин, дар назар аст, ки барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодии давлатҳои аъзои созмон то соли 2035 низ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Дар ҷаласаи охирини Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Ҳиндустон баргузор шуд, Стратегияи ҳамкории иқтисодӣ то соли 2030 қабул гардида буд.
Иштирокдорони ҷаласаи имрӯза доир ба такмили мундариҷаи ин ду ҳуҷҷати барномавӣ мубодилаи афкор менамоянд.
Дар назар аст, ки дар доираи ин ҷаласа мулоқоти Президенти Қирғизистон бо сарвазирон ва ҳайатҳои кишварҳои аъзои СҲШ баргузор гардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста