Имрӯз, 2-юми ноябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуй мулоқот намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Сарвари давлати мо тамоюли мусбати рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ, ҷалби технологияҳои муосир, ҳамчунин дар соҳаҳои гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳӣ зикр карданд”, - омадаст дар хабар.
Ҳамзамон, имкониятҳои мусоиди рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои ояндадори иқтисоди рақамӣ ва “сабз”, бахусус электроэнергетика ва зерсохтори он, таҷдиду сохтмони роҳҳо мавриди таъкид қарор гирифт.
Манбаъ меафзояд, дар ин зимн ҷонибҳо ба аҳамияти бозсозии гузаргоҳи “Кулма-Каросу” барои ташаккули шароити мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот миёни ду кишвар ишора карданд.

Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғур дар ин самтҳо иброз доштааст.
Зимнан, ҷонибҳо баргузории ҷаласаи навбатии Зеркомиссияи “Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғур” ва Форуми соҳибкорони ду ҷонибро дар шаҳри Душанбе ба манфиати кор донистанд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба робитаҳои байниҳизбӣ, ҳамчун василаи муҳимми мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ба баррасӣ гирифта шудаанд.
Ду ҷониб оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор анҷом доданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста