Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро аз рӯйи асли “дарҳои кушода” амалӣ мекунад, ки он дар фаргашти худ ба сиёсати бисёрсамтӣ табдил ёфтааст. Аз ин дидгоҳ, кишвари мо манфиатдори робитаҳо бо ҳамаи қудратҳои хостори ҳамкории ҳасана бо Тоҷикистон мебошад. Эрон дар роҳбурди муосири сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи вижа дорад ва густариши ҳамкориҳо ба нафъи ҳарду кишвар аст. Дар 10 соли охир робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон якранг набуданд: кишварҳо як марҳилаи хоси муносибатҳои дуҷониба, яъне коҳишу эҳёи дубораро таҷриба карданд. Дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим аст, ки муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо назардошти манфиатҳои миллии тарафҳо роҳандозӣ ва густариш ёбанд.
Дар пасманзари рӯйдодҳои охири ҷаҳон ва тағйири меъмории геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ барои Тоҷикистон имкони мусоид барои тавсеаи робитаҳо бо қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ фароҳам омадааст. Аз ин дидгоҳ, пешбинӣ мешавад, ки зимни сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон саҳифаи нав дар ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳо оғоз гардад ва яке аз ҳадафҳои сафар ҳам ҳамин буда метавонад. Чун Душанбе ва Теҳрон дар солҳои охир робитаҳои худро дар самтҳои мухталиф тақвият бахшиданд ва зарурати боз ҳам густариш додани онҳо вуҷуд дорад. Ба эҳтимоли зиёд зимни сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон созишҳои вижае ба даст меояд, ки дурнамои ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ду кишварро муайян мекунанд. Чун Тоҷикистону Эрон кишварҳои форсизабон, дорои таърих, фарҳанг ва тамаддуни муштарак ҳастанд ва амалан ҳақ надоранд, ки ҳамкориҳои онҳо бо якдигар ғайриҳасана бошад.
Самтҳои афзалиятноки робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон
Рушди ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо миёни ду кишвар муҳиманд, чун фоидаи зиёде ба ҷонибҳо меоранд. Арзёбии муносибатҳои кунунии Тоҷикистон ва Эрон нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба чунин самтҳо аз аҳаммият холӣ нест:
Якум, ҳамкориҳои сиёсӣ. Боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳои гуногунсоҳаи сиёсии дуҷониба ва бисёрҷониба муҳиманд. Имрӯзҳо фурсати муносиб барои ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳо ба вуҷуд омада, таҳия ва имзои чунин санад ба манфиатҳои ҳар ду кишвар ҷавобгӯ аст.
Дуюм, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ. Эрон солҳои охир робитаҳои иқтисодию тиҷории худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қавӣ кардааст. Ҷалби сармоягузории Эрон ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди Тоҷикистон низ бояд густариш ёбад, чун ин заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба вуҷуд меорад. Дар марҳилаи имрӯза таҳияи роҳкори ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисоию тиҷорӣ зарур аст ва дар заминаи чунин санад иштироки Эрон дар татбиқи барномаи роҳбурдии Тоҷикистон, ба вижа саноатикунонии кишвар аз манфиат холӣ нест.
Сеюм, ҳамкориҳои нақлиётию транзитӣ. Кишварҳо аз тавонмандиҳои якдигар барои ҳамлу нақли молу маҳсулот васеъ истифода карда метавонанд. Ба вижа барои берун рафтани Тоҷикистон аз бунбасти иртиботӣ истифодаи тавонмандиҳои бандари Чобаҳор муҳим мебошад. Чун ин бандар дар ҳоли табдил ёфтан ба маркази бузурги логистикӣ аст ва баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт баъзе иқдомҳои амалиро рӯйи даст гирифта, ба бунёди зесохтори лозима оғоз карданд. Тоҷикистон низ аз имконот ва тавонмандиҳои бандари Чобаҳор барои рушди тиҷорати берунаи худ бояд истифода кунад, чун ҷавобгӯ ба манфиатҳои дарозмуддати кишвар аст... Зиёда аз 10 сол дар рӯзномаи робитаҳои ду кишвар лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Эрон аз тариқи қаламрави Тоҷикистон меистад. Бунёди Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ECO) барои имконсанҷии фаннию иқтисодии ин лоиҳа $1 млнро ихтисос дода буд. Аз ин рӯ, баррасӣ ва мубрам кардани сохтмони ин масир аз аҳамият холӣ нест. Ҳамчунин, яке аз таҷрибаҳои мусбат дар ҳамкориҳои дуҷониба анҷоми сохтмони Нақби Истиқлол мебошад, ҳарчанд дар муқоиса бо нақбҳое, ки Чин дар Тоҷикистон бунёд кард, ҳоли хуб надорад. Агар ҷониби эронӣ таҷҳизонидани ин нақбро ба анҷом расонад ва он мисли нақбҳои дигар замонавӣ гардад, имиҷи ин кишварро дар назари мардуми Тоҷикистон боз ҳам мусбат мекунад.
Чорум, ҳамкориҳо дар самти таъмини амният. Муқовимати муштарак ба экстремизм ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои муосири сайберӣ муҳиманд. Ҳамчунин, зарурати наздиксозии дидгоҳҳо перомуни вазъ дар Афғонистон мавҷуд аст, чун Тоҷикистон ва Эрон ба унвони кишварҳои форсизабон ва ҳаммарз бо Афғонистон рӯйкарди ҳамоҳангшударо бояд дошта бошанд.
Панҷум, ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ. Самти мазкур дорои тавонмандиҳои бузург мебошад, чун дар арсаи байналмилалӣ мо шоҳиди тавсеа ёфтани робитаҳои кишварҳои дорои забон, фарҳанг ва тамаддуни муштарак мебошем. Тоҷикистону Эрон равандҳои мавҷударо сарфи назар карда наметавонанд ва бояд ҳамкориҳои фарҳангию гуманитариро густариш бахшанд. Таъсиси мактабҳои олии муштарак, ҳамкориҳои наздики расонаҳо, олимону пажуҳишгарон, сода кардани рафту омади мардум, ба вижа рушди ҷаҳонгардӣ тавонмандиҳои зиёдро барои вусъат ёфтани ҳамкориҳои ояндаи кишварҳо ба вуҷуд меорад. Ҳамчунин, ташаббуси татбиқнашудаи дигар дар самти мазкур – таъсиси телевизиони муштараки форсизабон аст, ки барои мухотабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон барномаҳои худро бояд пахш мекард. Аз расонаӣ шудани ин ташаббус ҳудуди 15 сол гузашт ва имрӯзҳо аллакай теъдоди зиёди телевизионҳои моҳворавии форсии мустақар дар кишварҳои ғарбӣ фаъолият доранд ва ҷойгоҳи худро назди тамошобинон пайдо кардаанд. Сарфи назар аз ин, бояд чунин телевизион таъсис ёбад ва ривояти мусбати ҳамкориҳои кишварҳои форсизабонро паҳну пахш кунад.
Андар шинохти роҳбурди Эрон дар Осиёи Марказӣ
Кишварҳои гуногун ҷонибдору рақибони татбиқи роҳбурди Эрон дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Ҳар яке аз ин қудратҳо чунин мавқеъгириро бинобар манфиатҳои худ рӯйи даст гирифтаанд. Чун бар он назаранд, ки Эрон ҷойи кишвари рақиби онҳоро пур мекунад ё бинобар мавҷудияти нигарониҳои роҳбурдии Теҳрон ба густариши таъсиру нуфузи давлатҳои “номувофиқ” монеа месозад. Аз ин рӯ, пайдо кардани посухҳо ба саволҳои зерин кори содда нест ва анҷоми пажуҳиши вижаро талаб мекунад:
- Дурнамои сиёсати Эрон дар Осиёи Марказӣ чӣ буда метавонад?
- Оё рақобате бо қудратҳои дигар вуҷуд дорад?
- Эрон аз Осиёи Марказӣ, ба вижа аз Тоҷикистон, ҳамчунин Тоҷикистону Осиёи Марказӣ аз Эрон чӣ интизориҳо доранд?
Ба таври мухтасар баъзе нуктаҳоро зикр мекунем, ки барои шинохти роҳбурди Эрон дар Осиёи Марказӣ равшанӣ меандозад:
Якум, Эрон аз замони соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳбурди худро амалӣ сохта, чанд марҳиларо аллакай паси сар кардааст. Дар фазои коршиносии минтақаи пасошӯравӣ гумони ғолиб ин аст, ки Эрон бинобар сабаби кишвари форсизабон будани Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештарро ба Душанбе дорад. Баъзе коршиносон модели равобити Тоҷикистон ва Эронро ба ҳамкориҳои Туркия ва кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ монанд мекунанд. Зеро ба назари онҳо агар Туркия чунин сиёсатро амалӣ созад, пас Эрон низ аз пайи ҳамин амалкард аст. Лекин таҳлили муҳтавои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ ва фарҳангию гуманитарии Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳанд, ки дар асл чунин нест. Гардиши тиҷории Эрон бо дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб бештар бо Тоҷикистон аст, ки он ҳам аз тавонмандиҳои иқтисодии онҳо сарчашма мегирад.
Ҳамчунин, дар Қирғизистон расонае бо сармоягузории Эрон фаъолият дорад, ки матлабҳои худро ба забонҳои қирғизӣ, қазоқӣ ва русӣ пахшу пахш мекунад. Дар дохили Тоҷикистон чунин расонае ба назар намерасад, вале дар хориҷи кишвар пойгоҳҳои иттилоотӣ ва телеграм-канале фаъолият доранд, ки барои мухотабони тоҷик матлаб нашр мекунанд. Бинобар ин, Эрон дар Осиёи Марказӣ авлавиятро ба наздикии забонию фарҳангӣ намедиҳад, балки аз пайи манфиатҳои геополитикӣ ва иқтисодию логистикии худ аст. Аз ин рӯ, дидгоҳи баъзе коршиносони кишварҳои пасошӯравӣ ва хушбоварии баъзе фарҳангиёни Тоҷикистон то ҷойе ба воқеият мувофиқат намекунад.
Дуюм, дар пасманзари фаргашти сиёсати ҷаҳонӣ ва эҷоди қутбҳои ба ҳам зид барои Эрон фурсати муносиб барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайдо шуд. Тағйироти охири геополитикӣ, ки дар Қафқози Ҷанубӣ ба вуҷуд омад, нигарониҳои Теҳронро ба вуҷуд овардааст. Чун имкони Арманистон шарики деринаи Эрон маҳдуд гардида, фурсатҳо барои Озорбойҷон бештар шудааст. Эрону Озорбойҷон ҳарчанд кишварҳои аз диди мазҳабӣ наздик ба ҳисоб мераванд, равобити ҳасана надоранд. Агар рушди вазъ дар Қафқози Ҷанубӣ мутобиқ ба хости Озорбойҷон ва ҳампаймони стратегии вай Туркия рушд ёбад, маҳдудияти муайяне барои Эрон эҷод мешавад
Эрон дар баробари Русия ва Туркия аз бозингарони муҳим дар ин минтақа дар сесад соли охир ба шумор рафта, дар ин ҷуғрофиё манфиатҳои ҳаётан муҳим дорад. Эрон дар Осиёи Марказӣ дорои чунин нуфузу таъсире нест, ки дар Қафқози Ҷанубӣ дорад. Айни замон барои манфиатҳои ҳаётан муҳими Теҳрон дар Осиёи Марказӣ баъзе таҳдидҳо дар ҳоли шаклгирӣ ҳастанд ва шояд ҳамин омил барои вусъат пайдо кардани иқдомҳои ин кишвар сабаб гарданд.
Сеюм, дар пасманзари ҷанги Исроил ба муқобили Фаластин муносибатҳои Эрон бо рақибони деринааш, ба вижа бо Амрико ва Исроил буҳронӣ шудааст. Чун “ҷомеаи мутамаддин” аз амалкарди Исроил ҷонибдорӣ мекунаду Эрон аз пуштибонҳои калидии мардуми Фаластин аст. Чунин шакл гирифтани вазъ дар Ховари Миёна ба сиёсати Эрон ва кишварҳои рақибаш дар Осиёи Марказӣ бетаъсир буда наметавонад. Рақибони роҳбурдии Эрон шояд баъзе иқдомҳо барои маҳдуд кардани имконаш дар саросани ҷаҳон, ба вижа дар Осиёи Марказӣ рӯйи даст гиранд. Омили мазкур, ҳамчунин аз мавқеъгирии Иброҳим Раисӣ перомуни буҳрони Фаластин дар нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ECO) низ, ки рӯзҳои наздик дар Тошканд сурат мегирад, вобаста хоҳад буд.
Чорум, аксари қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ ҳамкориҳои худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ +” роҳандозӣ кардаанд, ки имрӯзҳо теъдоди он ба 10 расид. Эрон ба унвони қудрати минтақавӣ ва кишвари ҳаммарз бо Осиёи Марказӣ чунин қолаби робитаҳоро надорад ва авлавиятро ба муносибатҳои дуҷониба медиҳад. Бидуни эҷоди чунин қолаб то куҷо муваффақ мондани роҳбурди Эрон дар Осиёи Марказӣ номуайян аст, зеро аз абзори маъмул истифода намекунад. Агар дар ояндаи наздик Эрон чунин қолабро шакл надиҳад, пас дар рақобат дар минтақа ба бохтҳое муайяне дучор хоҳад шуд.
Панҷум, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баъзе самтҳо, ба вижа дар фурушу интиқоли маводи сухт ва долонҳои транзитӣ рақиби Эрон мебошанд ва ё ҷуйгузинҳои дигар доранд, ки ба рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҷонибҳо бе таъсир буда наметавонад.
1) Эрон аз иқдоми Туркманистон барои пайдо кардани бозорҳои нав барои фуруши гази табиӣ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (лоиҳаи қадимаи ТАПИ) ва ба кишварҳои аврупоӣ аз тариқи баҳри Ҳазар (Эрон ва Русия солҳои дароз лоиҳаҳои Фароҳазариро блок мекарданд) нигарониҳо дорад, чун дорои захираҳои бузурги ин маводи сӯхт аст. То ҷойе рӯйкарди Теҳрон сабаб гардид, ки ТАПИ дар 25 соли охир амалӣ нашавад, чун он қаламрави Эронро убур намекунад. Имрӯзҳо ҳаҷми муайни гази табии Туркманистон тариқи Эрон ба Озорбойҷон ва аз ин кишвар ба Туркия интиқол меёбад.
2) Масири байналмилалии нақлиётии “Шарқ-Ғарб”, ки онро “Долони Миёнӣ” низ ном мебаранд, бояд Чинро тариқи Қазоқистон, (Туркманистон), баҳри Ҳазар, Озарбойҷон, Гурҷистон, (Арманистон, ки аз қаламрави он бояд Долони Зангезур гузарад) бо Туркия пайвандад. Агар масири мазкур тариқи баҳри Ҳазар эҷод шавад, берун аз қаламрави Эрон мегузарад. 3) Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ду масири наздики баромадан ба баҳрҳои ҷанубӣ мавҷуд аст, ки яке самти бандарҳои Қарочӣ ва Гвадари Покистон, дигаре бандари Чобаҳори Эрон мебошад. Ин омил низ ба роҳбурди Эрон дар Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.
Ривоятсозии расонаӣ перомуни муносибатҳои Тоҷикистону Эрон
Тафсири расонаии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва ривоятҳои эҷодшаванда на ҳамеша ба воқеият мувофиқат мекунад. Чун, перомуни муносибатҳои ду кишвар бештар расонаҳои кишварҳои шарику рақиби Эрон матлаб нашр мекунанд. Аз ин ҷост, ки мушкилу масъалаҳои мавҷударо ҳадафмандона бозтоб медиҳанд (i) ривоятҳои ғайримусбати муносибатҳоро эҷод мекунанд (ii) ва ниҳоят, аз дидгоҳи рақиби геополитикӣ будани Эрон муҳтаворо месозанд (iii). Ба назар мерасад, ки робитаҳои воқеӣ ва ҳимояти иттилоотии он дар расонаҳои хориҷӣ аз ҳам фарқ доранд. Сарфи назар аз ривоятсозӣ, аз рӯйи сатҳи муносибатҳои имрӯзаи ду кишвар метавон хулоса кард, ки эътимод миёни ҷонибҳо шакл гирифта, “мушкилиҳо”-и мавҷуда ба тадриҷ ҳаллу фасл гардиданд.
Дар пайи эълони сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон дар фазои расонаии ватанӣ ривояте эҷод шуд, ки мувофиқи он сабаби беҳтаршавии робитаҳои Душанбе ва Теҳрон ин иқдоми Тоҷикистон барои пайдо кардани “ҳомӣ”-и нав дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон (i), бинобар сабаби кошиҳи эътимод ба Русия дар пасманзари ҷанг бо Укроин ва гуногунсамт кардани ҳамкориҳои амниятӣ аз ҳисоби густариши равобит бо Чину Эрон (ii), бинобар нигарониҳои амниятии Тоҷикистон аз қудратгирии Толибон дар Афғонистон (iii) мебошанд.
Ривояти мазкур, ки дар меҳварии дарёфти “ҳомӣ”-и нав эҷод шуда, ба воқеият мувофиқат намекунад. Рӯйкарди мазкур сарчашмаи истеъморӣ дорад ва асоси онро ҳомигароӣ (“патрон-клиент” ё “сюзерен-вассал”) ташкил медиҳад. Дар чунин модели муносибатҳо аслан масъалае ё мушкиле миёни “ҳомӣ” ва “ҳимояшаванда” ба назар нарасида, тақсими возеҳи “масъулият” ва “вафодорӣ” анҷом ёфтааст. Аз ин рӯ, ин мавзуъро каме бештар шарҳ медиҳем:
Дар мавриди “пайдо кардани “ҳомӣ”-и нав дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон”: якум, Тоҷикистон барои ҳалли мавзуи марзӣ бо Қирғизистон на ба ҳомӣ ва на ба миёнрав эҳтиёҷ надорад ва борҳо давлатмардони кишвар ин мавқеъро баён карданд; дуюм, Душанбе паҳподҳои эрониро дар муноқишаи марзӣ истифода накард; сеюм, Қирғизистон бо Эрон робитаҳои танготанг дорад ва диду боздиди мақомдорони баландпояи ду кишвар зиёд ба мушоҳида мерасанд. Ниҳоят, Душанбе ва Бишкек ба ниҳоӣ кардани масъалаи марзӣ наздик шуда, танҳо дар соли 2023 ҳудуди 10 мулоқоту ҷаласаҳои комиссияи байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории топографӣ баргузор гардиданд.
Дар мавриди “пайдо кардани “ҳомӣ”-и нав бинобар сабаби коҳиши эътимод ба Русия дар пасманзари ҷанг бо Укроин ва гуногунсамт кардани ҳамкориҳои амниятӣ аз ҳисоби густариши равобит бо Чину Эрон”: якум, Чину Эрон шарикони муҳими Русия ба шумор мераванд ва дар як бистари сиёсию амниятӣ қарор доранд; дуюм, ҳар се кишвар узви СҲШ мебошанд; сеюм, рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо Чину Эрон муқобил ба ягон кишвар нест, балки бархоста аз манфиатҳои миллӣ ва татбиқи асли бисёрсамтии сиёсати хориҷӣ мебошад. Ниҳоят, агар фарзи мисол Душанбе ҳамкориҳои сиёсию амниятиро бо Лондон, Порис, Брюсел ё Берлин густариш медод ва ин кишварҳо рақибони Маскав мебошанд, то ҷойе ба тафсири фурсатталабона мувофиқат мекард. Айни ҳол бошад, бештар ба “орзуҳои хаёлӣ” монанд аст.
Дар мавриди “пайдо кардани “ҳомӣ”-и нав бинобар сабаби нигарониҳои амниятии Тоҷикистон аз қудратгирии Толибон* дар Афғонистон”: танҳо зикри ин нукта муҳим аст, ки Душанбе ва Теҳрон сатҳи гуногуни робитаҳо бо Толибон ва нисбат ба ин ҳаракат мавқеъҳои мухталифро доранд.
Дар ин росто, пешбинӣ метавон кард, ки пас аз анҷоми сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон дар саҳифаи расонаҳои кишварҳои шарику рақиби Эрон мақолаҳо бо сарлавҳаҳои “гарм” пайдо мешаванд, ки бори дигар дурустии рӯйкарди ҷонибҳоро дар густариши муносибатҳо собит мекунад. Чун агар беҳбудии муносибатҳои ду кишвар аҳамият намедошт, чунин матлабҳо нашр намешуданд.
Хулоса, дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим аст, ки муносибатҳои дуҷониба бо ба назар гирифтани манфиатҳои миллии ҳар ду ҷониб густариш ёбад. Шароити мазкур барои Тоҷикистон фурсати муносибро барои татбиқи сиёсати бисёрсамтӣ ба вуҷуд меорад, ки ин ҳаққи ҳалоли кишвари худсолор мебошад.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста