Имрӯз, 21 ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Русия парвоз намуд.
Хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муовини сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, корҳои дохилӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, Президенти Русия ва Михаил Мишустин, сарвазири Русия мулоқот хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки мулоқоти охири Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин моҳи октябри соли ҷорӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, қабл аз нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, баргузор шуда буд.
Сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистон бошад, моҳи апрели соли 2019 сурат гирифта буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста