Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт – Петербурги Русия меравад. Нишасти мазкур рӯзи 26-уми декабр баргузор мешавад.
Иштироки Эмомалӣ Раҳмонро дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур ба “Азия-Плюс” таъйид карданд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дар маҷмуъ Эмомалӣ Раҳмон ду рӯз - 25-26-уми декабр дар пойтахти фарҳангии Русия хоҳад буд.
Дар хусуси нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия чанде пештар, зимни ироаи паёми видеоии худ ба сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ, хабар дода буд.
Зикр мегардад, ки дар ин нишаст сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил масъалаҳои мубрами рӯзмарраро дар фазои ғайрирасмӣ муҳокима хоҳанд кард.
Нишасти мазкур анъанавӣ буда, солҳои гузашта низ баргузор шудааст. Аз ҷумла соли гузашта, рӯзҳои 26-27-уми декабр низ сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот карда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста