Тақрибан як сол аст, ки як курсии муҳими Ҳукумати Тоҷикистон холист. 5-уми январи соли 2023 Давлаталӣ Саид аз муовинии аввали Сарвазири Тоҷикистон озод шуда, раиси вилояти Хатлон таъин гардид. Аммо то имрӯз нафари дигаре ба ин вазифаи холимонда таъин нашудааст. Магар номзади арзанда пайдо намешавад? Ё кӣ метавонад дар ин маснад нишинад?
Тибқи моддаи 73-и Конститутсияи Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Маҷлисҳои Раёсати Ҳукуматро Сарвазир ва ҳангоми набудани ӯ, муовини якумаш мегузаронад.
Тибқи моддаи 26, қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи Ҳукумати Тоҷикистон” бошад, “Муовини якум, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тақсимоти вазифаҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебароранд, ба кори онҳо назорат мекунанд ва оид ба таъмини иҷрои қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳанд, пешниҳодот ва лоиҳаҳои қарорҳо ва фармоишҳоро, ки ба маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, пешакӣ баррасӣ менамоянд, барои вазъи ин корҳо масъуланд”.
Муовиние, ки аз роҳбараш кам намеояд
Яъне ин масъулият дар Ҳукумати Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ мегардад ва пас аз Созишномаи сулҳ дар соли 1997, кишвар ду муовини аввали сарвазир дошт. Ин замоне буд, ки моҳи феврали соли 1998 барои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ҳукумат бояд мансаби арзанда пайдо мекарданд. Ӯ то соли 2006 дар мақоми муовини аввали сарвазир фаъолият намуда, бахши ҳамкорӣ бо кишварҳои пасошӯравиро назорат мекард. Ин ҳолат бори дигар далолат мекунад, ки муовинии аввали сарвазир вазифаи андак нест.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин мақом бахусус таи 11 соли ахир муҳимтар шуда, ваколатҳои зиёдеро ба зимма гирифтааст, ки дар баъзе ҳолатҳо аз салоҳиятҳои сарвазир кам намеояд. Зимнан, чунин гардиш низ пас аз 5-уми январи соли 2012 пеш омад - вақте собиқ роҳбари Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон Матлубхон Давлатовро муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон таъин намуданд.
Ҳамон замон расонаҳо навиштанд, ки ҷаноби Давлатов акнун масъулияти соҳаи иқтисодиро пурра ба зимма гирифта, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии кишварро дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла сиёсати буҷаву андоз, ҷалби сармоягузорӣ, фаъолияти мақомоти андоз ва гумрук, идораи моликияти давлатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодиро амалӣ ва назорат хоҳад кард.
Масъулони ҳукумат он замон гуфтанд, ки дар чунин тартиби корӣ аҷобате вуҷуд надорад ва он комилан дар доираи қонун аст. Зеро ба курсии муовини аввали сарвазир акнун нафаре омадааст, ки тахассуси ӯст.
“Азбаски Матлубхон Давлатов иқтисоддон мебошад, бахши ваколатҳое ба ихтиёри ӯ вогузошта шуданд, ки ба соҳаи иқтисодӣ рабт доранд”, - гуфта мешуд он замон.
Мисол меоварданд, ки дар давраи Асадулло Ғуломов – муовини аввали сарвазир таи солҳои 2006 – 2011, салоҳиятҳои ӯ дар бахши энергетика ва сохтмони роҳҳо афзоиш ёфт, чун ихтисоси марҳум Ғуломов ба ҳисоб мерафт ва ҳам ин масоил он замон муҳимтарин арзёбӣ мегардид. Шарҳ дода буданд, ки баъдан ин салоҳиятҳо ба сарвазир баргардонида шуданд.
Номаълум, пас аз рафтани Матлубхон Давлатов аз курсӣ низ салоҳиятҳои иқтисодии сарвазир ба ӯ баргардонида шуданд ё не, аммо гуфта мешуд ба ҷои ӯ яке аз пайвандонаш Давлаталӣ Саид ба ин курсӣ омад, ки таи тақрибан даҳ сол – аз моҳи ноябри соли 2013 то январи соли 2023, фаъолият дошт.
Таҳлилгарон ҳамчунин аз як давраи дигаре ёд меоранд, ки муовини аввали сарвазир аз ваколатҳои густурда бархӯрдор буд. Сухан аз солҳои 1994-1996 меравад, ки шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев он замон масъулияти муовинии аввали Сарвазири Тоҷикистонро ба зимма дошт ва чеҳраи хеле пуртаъсири он замон ба ҳисоб мерафту бо ин сабаб полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев маҳз истеъфои ӯро талаб намуд...
Номзаде, ки пайдо карданаш душвортар аз сарвазирӣ?
Ин ҳама баррасиҳои бартарият дар фаъолияти муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳудуди 30 сол боз аз камтаъсир шудани худи мақоми сарвазирӣ сӯҳбатҳо кам нест. Ба назари коршиносон дар ибтидои истиқлолият раиси Шӯрои вазирон ё Сарвазир салоҳияти бештаре дошт. Он замон ӯ, ҳатто аз масоили иқтисодиёту иҷтимоӣ убур карда, ба масъалаҳои сиёсӣ низ дахл мекард. Аммо пас аз он ки сарвазир Абдумалик Абдуллоҷонов соли 1994 дар баробари Эмомалӣ Раҳмон номзадии худро дар интихоботи президентӣ гузошт ва бо ҳамин ба рақиби сарсахти ӯ табдил шуда, ахиран тарки кишвар намуд, вазъият тағйир ёфт.
Пас аз интихоботу раъйпурсӣ барои қабули Конститутсия ва пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1994 раисии Ҳукумати Тоҷикистонро ҳам президент ба даст гирифта, бо ҳамин вазифа ва масъулияти сарвазирӣ камранг шуд. Дар натиҷа, соли 1996 сарвазирони собиқ Абдумалик Абдуллоҷонов, Абдуҷалил Самадов ва Ҷамшед Каримов дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав иттиҳодеро таъсис дода, худро мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон эълон карда, хостори ислоҳоти низоми идораи давлатӣ дар Тоҷикистон шуданд.
Он чи ки дигар ҳосил нашуд. Вале сарвазирӣ дар Тоҷикистон акнун як вазифаи номиналӣ шинохта мешавад. Шореҳони ҷониби ҳукумат бошанд мегӯянд, ҳарчанд таъиноти сарвазир дар салоҳияти президент аст, аммо ин маъноеро надорад, ки ин мақом, тавре дар назари аввал менамояд, беаҳамият бошад. Зеро сарвазир фаъолияти кабинети вазиронро танзим мекунад ва ин кори содда ҳам нест.
Сиёсатмадори шинохтаи солҳои 90 –и асри гузашта Бӯрӣ Карим дар китобаш “Китоби сафеду сабзи Тоҷикистон” навиштааст, ки мо ба сарвазири қавӣ ниёз дорем.
“Агар ба кишварҳои дигар нигаред, монанди Қазоқистон, масалан, ҳамеша онҳое сарвазир интихоб мешаванд, ки барномаи мушаххаси иқтисодию иҷтимоӣ ва таҷрибаи ғанӣ доранд. Ҳоло сарвазири фурӯтан ва соянишин ба манфиати давлату миллат нест, танҳо ба манфиати як нафар ва он ҳам сарвари давлат аст. Сарвазире, ки аз вазир чизе пурсида наметавонад ва ё вазирро ҷазо дода наметавонад, чӣ коре карданаш мумкин?”, - навиштааст Бӯрӣ Каримов.
Вале ҳоло ба назар мерасад, ки ҳатто барои пайдо кардани номзади мувофиқ ба муовинии аввали сарвазир дар мо мушкил пеш омадааст, вагарна ҳудуди як сол ин курсӣ холӣ намемонад. Бархе таҳлилгарон дар назардошт бо воқеияти ҳосилшуда мегӯянд, воқеан ҳам ҳоло пайдо кардани номзад ба курсии муовинии аввал, ҳатто назар ба сарвазирӣ як қадар душвор менамояд.
“Зеро сарвазир аз рӯи номенклатураи мавҷуда маълум аст аз кадом минтақа мешавад ва тақрибан номзад ҳам мушаххас аст. Аммо муовини аввал рисолатҳое дорад, ки барои он пайдо намудани номзади мувофиқ аз ҷониби элитаи ҳукмрон шояд осон нест. Ин масъулият барои номзад метавонад роҳҳои дигарро дар саҳнаи сиёсии кишвар боз намояд. Масалан, агар Давлаталӣ Саид аз ин мақом раиси вилоят шуд, эҳтимол муовини аввали сарвазири навбатӣ шаҳрдори Душанбе таъин шавад”, – мегӯяд таҳлилгар Алии Амин.
Дар назардошт бо махсусиятҳои ишорашуда аз 3 нафаре ном бурда мешавад, ки метавонанд ба ин мансаб мувофиқ оянд.
Номзади №1: Асадулло Раҳмон
Ҷойгоҳи феълии ӯ дар ҷомеа ва хоса сохтори феълии идораи давлатӣ тақрибан барои ҳама маълум шудааст. Албатта дар гузашта ҳам мушовирони давлатии Президент оид ба масоили кадрӣ шахсиятҳои муҳим арзёбӣ мешуданд. Ҳам Амиршо Миралиев, ҳам Абдуҷаббор Азизов, ки таҷрибаи кофии фаъолият дар сохторҳои ҳизбиву давлатии замони шӯравиро доштанд.
Асадулло Раҳмон аз рӯи ихтисоси аввал журналист аст. Охири солҳои 90 факултаи журналистикаи ДМТ-ро хатм намудааст. Моҳи марти соли 2005 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шуда, 10 сол онро роҳбарӣ намуд. Ҷавонтарин раиси кумита ҳам будааст. Дар замони раҳбарияш шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Баҳористон”, “Ҷаҳоннамо”, шабакаҳои радиоии “Овози тоҷик”, “Фарҳанг” ба фаъолият сар карданд. Ҳамчунин, барои кормандони кумита хона бунёд кард.
Баъдан Академияи хидмати давлатии назди Президенти Русияро хатм намуд. Соли 2008 рисолаи илмиашро дар мавзӯи “Махсусиятҳои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” ҳимоя кард ва номзади илмҳои сиёсатшиносӣ гардид.
Аз моҳи марти соли 2015 Ёрдамчии Президент оид ба масоили кадрист. Гуфта мешавад тақрибан ҳамаи объектҳоеро, ки Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ мекунад, ҳоло аввал маҳз Асадулло Раҳмон аз назар мегузаронад. Ин аз як ҷиҳат маънии ба ӯ сахт бовар доштани президентро дошта бошад, аз сӯи дигар маълум менамояд, ки дар корҳои иқтисодиву маъмурӣ ҳам таҷрибаи кофиро ҳосил кардааст. Намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон буд ва зодгоҳаш авҷи сохтусозҳоро дар худ дошт, ки президент баъзан аз он барои дигарон ҳамчун намуна мисол меорад.
Ба масъулияти муовини аввали сарвазир таъин шуданаш ба ду сабаб метавонад имконпазир бошад. Якум, аз Ёрдамчии президент шудани Асадулло Раҳмон аллакай 8 сол сипарӣ шуд ва шояд ротатсияи нав зарур шавад. Дуюм, агар муовинии аввали сарвазир барои дар оянда шаҳрдори Душанбе шудани Асадулло Раҳмон замина шавад, ин ҳам элитаи ҳукмронро метавонад қонеъ гардонад.
Номзади №2: Шералӣ Кабир
Ӯ яке аз чеҳраҳои маъруф дар доираҳои тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон аст, ки бештар ҳамчун нафари наздик ба нухбагони сиёсии радаи аввали Тоҷикистон шинохта мешавад.
Аз Шералӣ Кабир ба сифати менеҷери сатҳи олӣ ном мебаранд. Ихтисосаш ҳам ҳамин аст. Соли 1992 Донишкадаи савдо совети-кооперативии шаҳри Новосибирски Русияро бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ мебошад.
Фаъолияти кориаш аз соли 1993 то 2005 дар корхонаҳои гуногун идома ёфтааст. Баъд ноиби президент оид ба тиҷорати ҶС “Тенис”, мутахассиси дараҷаи 1, сардори шуъбаи равобити байнидавлатии Кумитаи давлатии қарордод ва савдо, сардори раёсати савдои биржавии Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон, сардори раёсати ҶСК “Ориёнбонк” ва муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” кор кардааст. Солҳои 2005-2015 муовини якуми мудири КВД “Ширкати Алюминии Тоҷикистон” (ТАЛКО) ва солҳои 2015-2020 раиси Шӯрои мудирони ин корхонаи бузургтарини саноатии Тоҷикистон буд.
Аз 3-юми ноябри соли 2020 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Вақте фармон дар бораи вазир шуданаш эълон гардид, хелеҳо, ки аз ӯ шинохт доранд, ин хабарро ба хушҳолӣ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, пас аз таъин шудани Шералӣ Кабир “Барномаи саноатисозии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” пешниҳод шуд, ки тибқи он сатҳи тавлидот дар кишвар дар тӯли чанд сол бояд 2,5 баробар афзоиш ёбад. Аллакай соли 2021 мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки барои аввалин бор аз замони истиқлолият таносуби содирот ба воридот ба нафъи содирот 5% мусбат буд.
Гуфта мешуд, ки хеле аз иқдомҳои вазири нав хислати бунёдӣ доранд ва барои амалӣ шуданашон андак вақт зарур. Хоса дар бахши ҳуши маснуӣ, ки бо фарогирии беҳтарин ҷавонҳо роҳандозӣ доранд ва Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафта дар ин бахш табдил медиҳанд.
Нашрияе пас аз таъиноти ӯ навишт, ки акнун “шояд дар кишвари мо варианти Чубайси маҳаллӣ роҳандозӣ гардад. Зеро воқеан ҳам Шералӣ Кабир ба масале “ҷавонмарди сер” асту ниёз ба ришвату фасод надорад”.
Зодгоҳи худ Дарвозро ба ноҳияи комилан дигар табдил дод. Осоишгоҳи “Чорчаман” ва мактабе, ки ба номи падараш сохта шудаанд, гуфта мешавад дар Тоҷикистон назир надоранд.
Пас аз ҳаводиси ахири ВМКБ дар сатҳи роҳбарияти сиёсӣ тасмим гирифта шуд, ки доманаи фаъолияти ин соҳибкори пешин ва мансабдори баландмартабаи ҳозираи ҳукумати марказиро фаротар баранд. Акнун ободонии Хоруғ ҳам ба ӯ вогузор гардид. Зеро аз ӯ ҳамчунин дар ҳолатҳои бӯҳронӣ барои ҳалли масоил ҳамчун миёнарави хубе ёд мекунанд. Ҳадс зада мешавад, ки аз муовинии аввали сарвазир метавонад ё раиси ВМКБ таъин шавад, ё раиси вилояти Хатлон ва ба пешрафти онҳо мусоидат намояд. Ободонии ҳарду вилоят барои ҳукумат бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Чун солҳо боз ба ин муваффақ нашудаанд.
Номзади №3: Хуршед Мирзо Файзуллозода
Ин номзад ҳарчанд шинохти ҳамагонӣ надорад, ончуноне, ки ду нафари дигар доранд, аммо бо ин ки дар командаи Рустами Эмомалӣ аз одамони асосӣ дониста мешавад, метавонад ба осонӣ курсии муовини аввали сарвазирро соҳиб шавад.
Хуршед Мирзо ҳоло муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатист. Ҷавон аст, 39 сол дорад. Хатмкардаи ДМТ ва баъдан Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Русия. То соли 2009 дар корҳои тиҷоратӣ буд. Аз соли 2009 то 2012 дар вазифаҳои гуногуни Вазорати рушди иқтисод ва савдо кор кардааст. Баъдан то соли 2015 боз ба тиҷорат бармегардад. Аз ҳамон сол то 2019 роҳбарии “ТВ Варзиш”- ро, ки нав таъсис ёфта буд, ба зиммааш мегузоранд. Солҳои 2019 – 21 ба ҳайси директори Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” фаъолият дошт.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар ниҳоят имкон дорад як нафари дигаре ба мақоми муовини аввали сарвазир таъин шавад, ки ҳеҷ кас интизор надошт. Чунин ҳолат ҳам дар таъиноти ахири Тоҷикистон имконпазир ба назар мерасад. Аммо гуфта мешавад номзадҳои ёдшуда шанси бештари таъин шуданро соҳибанд. Ҷузъи муҳим дар ин таъинот метавонад ду саволи асосӣ бошад:
а) аз ин мансаб акнун чӣ мехоҳанд;
б) одамеро, ки ба ин курсӣ таъин мекунанд, дар оянда куҷо бурдан мехоҳанд?
Ба назар мерасад, ки ҳарду ин саволҳо ҳоло посухи мушаххас пайдо накардаанд. Аммо дери дер то ибтидои соли пешорӯ ҳатман ҷавоби худро пайдо хоҳанд кард...
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста