Ҳайатҳои “Ҳамос” ва Исроил бо миёнҷигарии Қатар ва ИМА дар шаҳри Давҳаи Қатар созишномаи оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳоро имзо кардаанд.
Дар ин бора расонаҳои Исроил хабар медиҳанд. Дафтари нахуствазири Исроил ҳам ин хабарро тасдиқ кардааст.
Созиши оташбас дар Ғазза ду рӯз пеш, 15-уми январ аввал аз сӯи нахуствазир Қатар ва баъдан аз ҷониби сарони дигар кишварҳои дахил ба раванди музокирот эълон гардид.
Оташбас аз рӯзи 19-уми январ ба ҳолати иҷро медарояд. Тибқи ин созиш, ки пас аз беш аз якуним соли ҷанг дар Ғазза ва моҳҳои дарози музокирот ҳосил шуд, гаравганҳои исроилӣ ва ба зиндон маҳкумшудагони фаластинӣ дар чанд марҳала раҳо хоҳанд шуд. Ҳамчунин, Имроил нерӯҳои ҳарбиашро аз Ғазза берун мекашад ва барои бозсозии ин минтақа шароит фароҳам оварда мешавад.
Аммо то ҳол кафолати комил нест, ки ҳамаи бандҳои созишнома риоя меашвад. Зеро дар ҳукумати Исроил мухолифони ин созиш ҳастанд.
Бояд гуфт, низоъ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни гуруҳи “Ҳамос” ба Исроил оғоз шуд. “Ҳамас” 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум кард ва наворро бомборон кард, ки дар пайи он 46 ҳазор кас кушта ва 90 дарсади аҳолии ин минтақа овора шудаанд. Аксар кушташудаҳо занон ва кӯдакон мебошанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Пагоҳ сокинони Тоҷикистон гирифти Моҳро мушоҳида карда метавонанд?
Маош ва мақоми омӯзгорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?
Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон коҳиш меёбад. Сабаб чист?
Пагоҳ парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад
Миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 16 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд
Соли 2024 муҳоҷирон ба буҷети Русия 123 млрд рубл андоз пардохт карданд
Созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо шуд
ВКД ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия худдорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста