Дирӯз, 16-уми январ марҳилаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ ба анҷом расид. Аз миёни 8 ҳизби сиёсӣ танҳо Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба ин маърака номзад пешниҳод накардааст.

АМИТ “Ховар” бо такя ба КМИР навишт, ки ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзадии 13 кас аз Ҳизби аграрӣ (ҲАТ), 13 кас аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИТ), 4 кас аз Ҳизби демократ (ҲДТ), 6 нафар аз Ҳизби сотсиалистӣ (ҲСТ), 6 кас аз Ҳизби коммунистӣ (ҲКТ) ва 28 кас аз Ҳизби халқии демократӣ (ҲХДТ) тасдиқ гардиданд.

Аз КМИР ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Ҳизби сотсиал-демократ ягон номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод накард. Талошҳои мо барои дарёфти мавқеи ин ҳизб бенатиҷа анҷомид.

Қиёмиддин Азизов, ки чанд сол пеш баъди Раҳматилло Зоиров раиси ҳизб интихоб шуд, ба саволҳои мо дар ин робита посух надод.

ҲДТ дар анҷумани худ гуфта буд, 5 аъзои ҳизбро ҳамчун номзад ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба вакилӣ пешниҳод кард, аммо КМИР танҳо 4 номзади ин ҳизбро ба интихоботи порлумонӣ тасдиқ кардааст.

АМИТ "Ховар"

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҲДТ танҳо 4 номзад пешбарӣ кард, ки ҳамаашон ба итихоботи порлумонӣ роҳ ёфтанд.

Гуфта мешавад, ки Фатҳудддин Солеҳзода, раиси ҲДТ дар Душанбе, ки аз номи ин ҳизб ҳамчун номзад ба вакилӣ пешниҳод шуда буд, бо сабаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъйин шуданаш ба интихоботи порлумонӣ пешбарӣ нашуд.

Бояд гуфт, ки ба ғайр аз пешниҳоди номзадҳо аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, ҳамчунин ҳизбҳо ҳақ доранд аз ҳавзаҳои якмандатӣ барои ширкат дар интихобот номзад пешниҳод кунанд.

Аз ҷумла, ҲХДТ даҳҳо нафарро аз ин ҳавза ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихоботи парлумонӣ пешниҳод кард.

Ҳамчунин, хабарҳо дар бораи пешниҳоди номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ аз ҷониби Ҳизби аграрии Тоҷикистон   расонаӣ шуда буд.

Ҳоло маълум нест, ки дар маҷмуъ, ҳизбҳои сиёсии кишвар чанд нафарро аз ҳавзаи якмандатӣ ҳамчун номзад ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод карданд. Аз КМИР гуфтанд, ҳоло шумориши онҳо пурра ҷамъбаст нашудааст.

Дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ сабт шудааст, аммо коршиносони мустақил мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.

 

Номзадҳои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ кистанд?

Номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон:

1. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ 

2. Матробиён Саодатшо Қосимзода, вакили Маҷлиси намояндагон 

3. Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ

Чанд номзади пешниҳодкардаи ҲХДТ

4. Ғанизода Шӯҳрат Абдулмаҷид, сардори Раёсати ҳуқуқи ДИП ҶТ 

5. Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ, муовини раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 

6. Идиев Аҳмад Маҳмудович, муовини директори генералии Ширкати “Транс Таджик Газ” 

7. Имомова Нилуфар Маҳмаисуфовна, муовини ректор оид ба тарбия дар ДМТ 

8. Набизода Тоҳир Толиб, профессори Академияи идоракунии давлатӣ 

9. Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур 

10. Ҷалолзода Миршакар Саид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Бӯстон 

11. Бобоиён Мадина Абдуяқинзода, муовини раиси шаҳри Исфара 

12. Муродуллозода Дилноза Муродулло, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хусрав 

13. Абдулмаинзода Заррина Қадамшо, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила 

14. Сафарзода Хуршед Ҳайдар, директори Коллеҷи омӯзгории ш.Турсунзода 

15. Иброҳимзода Зафаршо Сафо, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон 

16. Ғафорзода Ҷонона Ғафор, декани факултети иқтисод ва идораи ДДОТ 

17. Шодиён Исматулло Раҳматуллозод, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии ҶТ 

18. Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ 

19. Қодирзода Фарҳод Анвар, профессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДМТ 

20. Қосимӣ Назокат Шералӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ 

21. Каримзода Мирзоқосим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд 

22. Неъматзода Насрулло Исматулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Лахш 

23. Ҳомидиён Орзу Зубайдулло, муовини раиси шаҳри Кӯлоб 

24. Усмонзода Аюб Ислом, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 

25. Суярова Сарвиноз Ҷумъаевна, мудири кафедраи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 

26. Шарипова Фарангис Худоиевна, директори Институти забон ва адабиёти АМИТ 

27. Азимзода Азимҷон Бахтиёр, муовини раиси шаҳри Турсунзода 

28. Эшбуризода Баҳриддин Эшбурӣ, муовини раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ 

 

Номзадҳои Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон:

1. Фиёсиддин Ашӯрзода, раиси ҳизб 

2. Сарвиноз Маҷидзода, вакили кунунии Маҷлиси намояндагон 

3. Рустам Раҳматзода, вакили кунунии Маҷлиси намояндагон 

Анҷумани охири ҲИИТ, ки ба парлумон номзад пешниҳод шуд

4. Зафар Ализода, вакили кунунии Маҷлиси намояндагон 

5. Раҳмон Даринг, вакили кунунии Маҷлиси намояндагон 

6. Наима Солизода, устоди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 

7. Эмомалӣ Изатуллозода, мутахассиси ноҳиявии Данғара 

8. Ғоиб Фирӯз, сармуҳаррири нашрияи “Навиди Кӯлоб” 

9. Абдусалом Абдураҳмонзода, муовини раиси омори ноҳияи Шаҳринав 

10. Комилҷон Бобозода, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

11. Шаҳрбону Зубайдова, омӯзгори мактаби №28 шаҳри Душанбе 

12. Баҳром Шарифзода, ходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

13. Фарҳод Мусоев, директори ҶДММ “Сафобахш-иншоот”

 

Номзадҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон:

1. Рустам Латифзода, вакили ҳозираи парлумон 

2. Фазлиддин Икромӣ, вакили ҳозираи парлумон 

3. Бахтиёр Аҳмадзода, вакили ҳозираи парлумон 

4. Неъматулло Холбойзода, вакили ҳозираи парлумон 

Анҷумани ҲАТ

5. Нуралӣ Ниязов, директори генералии ҶСП «ТаадЭс» 

6. Бобоҷон Қодиров, директори КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Деваштич 

7. Муродҷон Исоқов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 

8. Мансур Усмонзода, вакили ҳозираи парлумон 

9. Муҳайё Ҳотамова, муаллими калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 

10. Мирзоанвар Ахмедов, вакили ҳозираи парлумон 

11. Одилҷон Абдуллозода, мудири кафедраи фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 

12. Сино Аюбов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ 

13. Ҷилваи Шоназар, сардори шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.

 

Номзадҳои Ҳизби комунистии Тоҷикистон:

1. Меҳроҷ Абдуллоев, раиси ҲКТ 

2. Инъомҷон Подшоев, котиби дуюми Кумитаи ҲКТ дар вилояти Суғд 

3. Зарагул Мирасанова, котиби дуюми Кумитаи марказии ҲКТ 

4. Отахон Ҳасанов, котиби якуми Кумитаи ҲКТ дар шаҳри Душанбе 

5. Абдуҷаббор Умарзода, вакили парлумон 

6. Ҳикматулло Ҳамидов, раиси ҲКТ дар минтақаи Кӯлоб

 

Номзадҳои Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон:

1. Ғулом Ҳалимзода, раиси ҲСТ 

Анҷумани ҲСТ

2. Муртазо Аҳмадзода, муовини якуми раиси ҲСТ 

3. Давлатхонум Саидошурова, муовини раиси ҲСТ 

4. Меҳринисо Раҷабова, муовини раиси ҲСТ 

5. Маъруф Юсупов, раиси ҲСТ дар вилояти Суғд 

6. Майсара Аброқулова, муовини раиси ҲСТ дар шаҳри Душанбе 

 

Номзадҳои Ҳизби демократи Тоҷикистон:

1. Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ;

Чанд номзади пешниҳодкардаи ҲДТ

2. Зуҳро Мирзоева, муовини раиси ҲДТ;

3. Ҷаббор Юлдошев, раиси ҲДТ дар Суғд;

4. Илёсиддин Саидҷаҳфаров, раиси ҲДТ дар минтақаи Рашт.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.