Тоҷикистону Қирғизистон давоми бештар аз як соли охир тавонистанд ба ҳалли ниҳоии баҳси сарҳадӣ ва имзои созишнома ба ҳадде наздик шаванд, ки ҳеҷ замоне мушоҳида нашуда буд. Ҳайатҳои кории ҳарду кишвар қариб ҳар ҳафта аз мулоқоту мувофиқа ва тавсифи қитъаи муайяни хати баҳсии сарҳад хабар медиҳанд. Расмиву ғайрирасмӣ замони имзои созишнома ҳам эълон мешавад. Коршиносон таъкид мекунанд, ки робитаи суннатии дӯстона, гузаштаи начандон дури муштарак ва манфиатҳои ба ҳам наздик ду кишварро водор сохт, то барои ҳалли баҳс талоши бештар кунанд.

Имзои қарибулвуқӯи созишнома

Охирин хабари умедворкунанда барои ҷомеаи ду кишвар, махсусан сокинони наздимарзӣ чанд рӯз пештар аз Душанбе садо дод. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳарду ҷониб (Тоҷикистон ва Қирғизистон. -идора) ҳавасманди имзои ҳарчи зудтари созишнома оид муайянкунӣ ва аломатгузории хати сарҳад мебошанд, ҳарчанд ӯ санаи дақиқи имзои ин санадро зикр накард.

Пештар аз ин, баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Жээнбек Кулубоев, вазири умури хориҷии Қирғизистон, дафтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки “тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хати сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмӯъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд”.

Бо назардошти дарозии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад, хулоса кардан мумкин аст, ки тақрибан 98 километри дигари сарҳад бояд мувофиқа карда шавад.

То муноқишаи мусаллаҳонаи ахир дар моҳи сентябри соли 2022, беш аз 300 километр хати сарҳад баҳснок шуморида мешуд.

Илова бар ин, ҳарчанд аз як ҷониб, аммо гуфтугузорҳо дар бораи имзои қарибулвуқӯи созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон садо медиҳанд: аввал Содир Ҷабборов (Садир Жапаров), президенти Қирғизистон 11-уми декабри соли 2023 гуфт, ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи анҷомёбӣ аст ва аз эҳтимол дур нест, ки ин масъала баҳори соли 2024 ба охир расад.

Бори дигар вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан 10-уми январи соли 2024 баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.

Роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба таъйину аломатгузории сарҳад, раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон – Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар чанд мулоқоти ахири худ ҳам эълон карданд, ки “ба созиши усулӣ ноил шудаанд” ва “қадами хеле бузург ба сӯйи пеш гузоштаанд”.

Яке аз мулоқотҳои Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар марз
Акс аз сомонаи Девони вазири Қирғизистон

Ин ҳама дар ҳоле, ки як солу панҷ моҳ пеш Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро барои “тирпарронӣ аз тамоми намуди силоҳи дар ихтиёрдошта” муттаҳам мекарданд. Пас, чӣ гуна ҷонибҳо тавонистанд ба муноқишаи мусаллаҳона ва пурқурбонӣ хотима дода, ба раванди музокироти сулҳомез баргарданд ва дар остонаи имзои созишномаи ниҳоӣ оид ба сарҳад қарор гиранд?

Таърихи кӯтоҳи баҳс

Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон мерос аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Заминаи он 100 сол пеш, соли 1924, баъди тақсими ҳудуди Осиёи Марказӣ ба давлатҳои алоҳида гузошта шудааст.

“Аз он вақт инҷониб баҳсҳои мо қатъ нашудааст. Дар замони шӯравӣ комиссияҳои паритетӣ кор мекард. Вақте комиссия дар марҳилаи анҷоми кор қарор дошт, Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд... ва масъала ҳал нашуда монд”, - мегӯяд Саламат Аламанов, директори Ҷамъияти ҷуғрофиёии Қирғизистон, ки замоне раҳбари комиссияи ҳукуматӣ оид ба аломатгузории марз буд.

Номуайянии хати сарҳад боиси муноқишаҳо миёни сокинони маҳаллаҳои марзӣ дар солҳои 1974, 1982 ва 1989 низ гаштааст.

Музокироти ноком

Нахустин музокироти Қирғизистону Тоҷикистон барои ҳалли мусолиҳатомези баҳси марзӣ соли 2002 дар Бишкек ва такроран соли 2003 дар Душанбе ҷараён гирифт. Ҷонибҳо оид ба ҳуҷҷати заминавии муайянкунандаи хати сарҳад ба мувофиқа нарасиданд ва мулоқот бесамар анҷомид.

“Тоҷикистон бештар ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1925-1927 такя мекунад, ки то кунун ягона санади меъёрию ҳуқуқии тасдиқшуда (аз рӯйи қонунгузории амалкунандаи вақт) ба шумор рафта, асоси марзҳои кунунии ду давлат аз он сарчашма мегиранд. Қирғизистон ин санадро эътироф накарда, нисбат ба қитъаҳои мухталиф аз ҳуҷҷатҳои гуногун кор мегирифт ва бештар ба Эъломияи Олмотӣ аз моҳи декабри соли 1991, санадҳои солҳои 1958-1959 ва 1989 ва ғайра такя мекард”, - мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён.

Солҳои минбаъда кӯшиши идомаи музокирот ва ҳалли баҳси марзӣ мушоҳида шуд. Ҳатто гуруҳҳои кории ду кишвар доир ба қитъаҳои алоҳидаи марз, аз ҷумла соли 2009 оид ба иҷораи қитъаи 275-метраи роҳи Ботканд – Исфана барои 49 сол ба созиш расиданд, ки аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Ва ё доир ба таъмини роҳи мустақим то ҷамоати Ворух низ чандин қарордод ба имзо расонида шуд. Аммо бо сабабҳои гуногун қарорҳои мазкур риоя нагардиданд.

Авҷи таниш ва даргириҳои хунин

Набуди хати муайяншудаи сарҳад боис гардид, ки давоми солҳои баъдӣ низ муноқишаҳои марзӣ идома ёфта, аз “ҷанҷол миёни сокинони деҳаҳои марзӣ” то тирпаронӣ миёни сарҳадбонон густариш ёфт. Соли 2014 дар муноқишаи навбатӣ низомиёни ду кишвар низ иштирок ва аввалин маротиба аз силоҳи вазнин истифода карданд, ки боиси марги одамон гашт.

Соли 2019 низ задухӯрди мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар рух дод, ки боиси марги одамон аз ҳарду ҷониб гашт. Он замон ҳар ду ҷониб гурӯҳи муштараки тафтишотӣ таъсис дода, парвандаи ҷиноятӣ боз карданд, аммо ин пеши роҳи такрори чунин муноқишаҳоро нагирифт.

Аксари муноқишаҳо барои истифодаи захираҳои обу замин рух дода, дар пайи он ҳамеша мулоқоту музокироти ҷонибҳо ҷараён дошт, ҳарчанд самараи он дида намешуд. Ҳатто пас аз даргириҳои соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сооронбай Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури вақти Қирғизистон дар наздикии деҳаҳои Оқ-Сой ва Ворух мулоқот карданд, лекин ин ҳам натавонист, ба ҳалли ниҳоии баҳс ва қатъи муноқишаҳои мусаллаҳона мусоидат кунад.

Соли 2020 Содир Ҷабборов ба курсии президент ва Қамчибек Тошиев роҳбарии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нишастанд ва тамоми созишҳои то он лаҳза ҳосилшударо канор гузошта, нафарони созишнома имзокардаро ба бемасъулиятӣ айбдор карданд.

Даргирии моҳи апрели соли 2021 ва сентябри соли 2022-ро метавон авҷи таниш миёни ду кишвар номид.

Дар задухӯрди аввал – моҳҳои апрел-майи соли 2021 аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар ва аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар ҷон бохтанд.

Муноқишаи дуюм – 14 то 17 сентябри соли 2022 ҷони 41 шаҳрванди Тоҷикистон ва 63 шаҳрванди Қирғизистонро рабуд.

Ин маълумоти расмӣ аст.

Моҳи октябри соли 2022 дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ҳалокати 59 шаҳрванди кишвар маълумот нашр шуд, аммо баъдтар пок гардид. Радиои Озодӣ тибқи таҳқиқоти худ, феҳристи исми 83 кушта аз ҷониби Тоҷикистонро чоп кард.

Мо намедонем, ки ба ҷуз омори расмӣ, дар Қирғизистон маълумоти дигаре дар бораи талафоти ҷонӣ вуҷуд дорад ё на.

Ҳамчунин, бар асари ду задухӯрди ахири низомӣ зиёда аз 500 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дақиқтараш - 278 нафар аз ҷониби Тоҷикистон ва 396 кас - аз ҷониби Қирғизистон.

Дар пайи ин муноқишаҳо, ҳар ду ҷониб ҳамдигарро ба истифодаи “тамоми силоҳи дар ихтиёрдошта” гунаҳкор карданд.


Оғози марҳилаи нав дар музокирот?

Дар ҳамин шароит 16-уми сентябри соли 2022 президентҳои ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, ки дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон қарор доштанд, мулоқот ва мувофиқа кардаанд, ки “ба мақомоти дахлдор оид ба қатъи оташ ва баровардани нерӯ аз хати муноқиша дастур хоҳанд дод”.

“Роҳбарони кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, дар макони ҳодиса фаъолият бурда, комиссияи махсус, барои таҳқиқи ҳолат ва сабабҳои муноқиша, ташкил карда мешавад”, - зикр гардид дар ин мулоқот.

Се рӯз баъд, 19-уми сентябри соли 2022 мулоқоти Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид ва дар ҷараёни он протокол дар бораи ба маҳалли доимии худ баргардонидани қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ, таъмини амнияти сокинон имзо шуд.

“Иҷрои қатъии муқаррароти санадҳои имзошуда барои ҳар ду ҷониб ҳатмист”, — таъкид мешуд дар санад.

Воқеан даргириҳо поён ёфт, ҳарчанд таниши лафзӣ идома дошт ва ин таниш то сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид расид.

“Фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум”

Ҷонибҳо замоне ба ҳалли баҳси марзӣ тариқи музокирот оғоз карданд, ки 13-уми октябр, дар Остона бо иштироки раиси ҷумҳури Русия мулоқоти сеҷониба баргузор намуданд. Мулоқот паси дарҳои баста ҷараён гирифт ва ҷузъиёти он барои расонаҳо ошкор нашуд. Як моҳ баъди ин мулоқот, 14-уми ноябри соли 2022, бори аввал Қимчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон ба Душанбе омад ва бо Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон мулоқот кард. Дар бораи ҷузъиёти мулоқот тафсилот дода нашуд, аммо як нукта зикр гардид: “Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт”.

Баъди мулоқот Қамчибек Тошиев аз натиҷаи сафараш ба Тоҷикистон иттилоъ дод: “Агар пештар ҳар кас ба фикри худаш истодагарӣ мекард, ҳозир забон ёфта истодаем. Ба гузаштҳо омодаем. Мо пешниҳод карда истодаем, ки шумо ин қитъаи заминро гиред, мо инашро".

Яке аз мулоқотҳои ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон
Акс аз ВКХ-и Тоҷикистон

Ҳамин тавр, мулоқотҳои комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ афзоиш ёфт ва баъди ҳар як мулоқот хабарҳо дар бораи созиш ва тавсифи қитъаи муайяни хати баҳсии сарҳад бештар шуданд. Мулоқоти комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ба навбат дар ҳар ду кишвар баргузор мешавад ва дар аксар ҳолат ҷузъиёти он барои ҷомеа ошкор намегардад.

Аз ҷумла, дар яке аз мулоқотҳои ин комиссия, ки 2-юми октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуд, ҷонибҳо протоколои №44-ро имзо карданд, аммо муҳтавои он барои ҷомеа норӯшан аст.

Дар навори аз ин мулоқот нашршуда Саймумин Ятимов гуфт, ки тарафҳо протоколи рақами 44-ро имзо карданд ва “иҷрои ин протокол ҳама гуна масъала, ҳама мушкилотеро, ки пештар сабаби низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон буданд, ҳал мекунад. Бо тамоми масъулият эълон медорам, ки имзо ва иҷрои протокол иродаи раҳбарони ҳар ду ҷумҳурӣ аст”.

Қамчибек Тошиев низ имзои санадро роҳе барои ҳалли мушкили марзӣ номида, таъкид карда, ки “протокол асос мешавад, ки ҳама гуна масъалаи марзиро ҳал кунем. Худо хоҳад, ба зудӣ қарори ниҳоиро дар бораи ниҳоӣ кардани таъйини кулли сарҳади давлатӣ қабул мекунем”.

Омили аслии пешрафти музокирот

Вақте ҷонибҳо аз ҳалли ҳама масоили баҳсӣ тариқи мусолиҳатомез сухан меронанд, коршиносон ба омили такондиҳандаи ин раванд таваҷҷуҳ мекунанд, ба суоли чӣ гуна ҷонибҳо тавонистанд ба муноқишаи мусаллаҳона ва пурқурбонӣ хотима дода, ба раванди музокироти сулҳомез баргарданд ва дар остонаи имзои созишнома оид ба сарҳад қарор гиранд, посух меҷӯянд.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақавӣ аз Тоҷикистон, ба ин андеша аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба таври суннатӣ робитаҳои дӯстона доштанд, ки пеш аз ҳама ба гузаштаи муштаракашон дар низоми Шӯравӣ тааллуқ мегирифт. Пас аз касби истиқлол низ Душанбеву Бишкек дар заминаҳои геополитикӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, истифода аз захоири табиъӣ ва бахусус манобеъи обу энержӣ манфиатҳои муштарак ё наздик доштанду доранд.

Ба андешаи ин коршинос, маъмулан нигоҳи ду кишвар ба ҳаллу фасли масъалаҳои минтақавиву байналмиллаӣ муштарак мебошад, бинобар ин, ду тараф наметавонистанд ба сурати дарозмуддат ин ҳамаро нодида гиранд.

“Дар миёни нухбагони сиёсии кишвари ҳамсоя дарки ин воқеият низ бештар шуд, ки дар дарозмуддат истифода аз корти муноқишаи марзӣ барои афзоиши маҳбубияти худ дар миёни ҷомеа муассир нахоҳад буд. Зеро харҷу ҳазинаҳои даргириҳои марзӣ мустақиман будҷаи кишварро тиҳӣ мекунад ва ҷомеаро ошуфта хоҳад кард. Хушбахтона, тайи як-ду соли ахир мақомоти олии кишвари ҳамсоя (Қирғизистон) тавонистанд вобастагии мустақими худро аз назару мавқеи сокинони минтақаҳои марзӣ дар робита ба шеваи ҳаллу фасли ихтилофоти марзӣ коҳиш диҳанд, ки он низ ба раванди музокирот таъсири мусбат дошт”, - мегӯяд Қосими Бекмуҳаммад.

Ӯ ин нуктаро низ бисёр муҳим медонад, ки роҳбарони кунунии Қирғизистон тавонистанд монеъи мудохилаи доираҳои судҷӯи дохилӣ ва суистифодаи онҳо аз раванди музокироти марзӣ шаванд. Аз ин ҷост, ки дигар мисолҳои берун омадани хабарҳои марбут ба ҷузъиёти музокирот ва дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифтани онҳо тақрибан ба назар намерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.