Дар Тоҷикистон бояд ҳуқуқи хабарнигорон ба озодии баён риоя шавад. Дар ин бора дар паёми табрикии сафир Мануэл П. Микаллер аз номи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ки ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар саҳифаи сафорат дар Facebook нашр шудааст, сухан меравад.
“Расонаҳои озоду мустақил ба ҷомеа имкон медиҳанд, ки ба иттилоот пайваст шаванд, қарорҳои оқилона қабул кунанд ва андешаҳои гуногунро бишнаванд”, - омадааст дар паём.
Гуфта мешавад, матбуоти мустақил як унсури асосии бунёди демократия дар Тоҷикистон ва дар саросари ҷаҳон аст.
«Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рушди касбии журналистонро дар Тоҷикистон фаъолона дастгирӣ мекунад. Мо ин корро тавассути барномаҳои мубодила, дарсҳои забони англисӣ, сафарҳои иттилоотӣ ва дастгирии техникии расонаҳо анҷом медиҳем”, - зикр мешавад дар табрикот.
Дар он ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шудааст, ки аз ҳуқуқи хабарнигорон ҳимоят кунад ва озодии баёни онҳоро эҳтиром кунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста